Дар қаламрави деҳаи Хумдони ноҳияи Нуробод сел омад. Дар натиҷа пули мошингузаре, ки ноҳияи Нуробод ва Сангворро ба ҳам мепайваст, ба масофаи 0,6 км хароб шуд. Ҳаракати мошинҳо ба ду самт қатъ гардид.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, гурӯҳи гардишгароне, ки ба самти ВМКБ равона будаанд, бо вуҷуди он ки аз ҷониби кормандони БДА-и ВКД дар ноҳияи Нуробод манъ карда шуда буданд, талош кардаанд аз рӯдхона убур кунанд. Дар натиҷа ду мошини онҳо дар миёни дарё монда ва на имкони пеш рафтан доштаанду на пас гаштан.
Имдодгарони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Нуробод якҷо бо кормнадони хадамоти роҳ бо ёрии техникаи муҳандисии Вазорати нақлиёт мошинҳои дар миёни дарёмондаро берун кашидаанд.
Кормнадони КҲФ бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, дар бораи паёмадҳои нохуши эҳтимолии ин худсарӣ нақл кардаанд. Аз онҳо даъват шудааст, ки минбаъд ба тавсияҳои мутахассисон, масъулини хадамоти роҳ ва кормандони БДА гӯш диҳанд ва ҷони худу ҳамсафарони худро ба хатар наандозанд.