Arzon march 2024
Гар мусалмонӣ ҳамин аст, ки ин қавм доранд...
790


ё бозие, ки мардумро гоҳ ба Ҷаннат гоҳ ба Дузах мебарад

Дар ҷомеаи суннатии мо 99%-и аҳолиро мардуми мусалмон ташкил медиҳанд. Шукри худо, ҳамаи мо насл ба насл тӯли садсолаҳо ба парастиши Зоти Ҳақ ва Худованди яктову бе мисл рӯй оварда, дини мубини Исломро қабул кардаем.

Китоби Муқаддаси Қуръон ва дини мубини силом рӯ оварданд ба сеҳру ҷоду ва соҳириву фолбиниро маҳкум намуда, гуноҳи кабира ва нобахшиданӣ арзёбӣ кардааст, аммо ҳамарӯза хабарҳои зиёде аз боздошти ин ё он фолбину ҷодугар ва ё ба қавли маъруф “ғайбдон” расонаӣ мешавад, ки хонандагони азиз хуб огоғӣ доранд ва ҳоҷати такрор нест, амм бандаро чизи дигар сахт ба ташвиш овардааст.

Тайи як моҳи охир ОНЛАЙН-ФОЛБИН фазои маҷозиро гирифтааст. Пештар сомонаи иҷтимоии Фейсбук ҷойи одамони ҷиддӣ буд ва бештари хабарҳои доғ ва мушкилоти ҳар минтақаро шахсан ман аз ҳамин сомона дарёфт мекардам, вале ҳоло он ба як партовгоҳ табдил ёфта, кор ба ҷое расидааст, ки акнун истифодабарандагони ин шабакаи иҷтимоӣ бахти худу сарнавишти худ ва давомнокии умри худу ҳатто ба дӯхаз ё биҳишт афтоданашонро тариқи барномаҳои фолбинии фейсбук месанҷанд. Ин гуноҳи азим аст, зеро кӣ ҷаннатӣ асту кӣ дузахӣ ин розро ба ҷуз худванди яккаву ягона дигар касе намедонад. Имрӯз дафтари АМЪМОЛИ бархе аз фейсбукиён гӯё дар дасти ШАҲОДАТНОМАИ МАРГ афтодаву якеро ба Ҷаннат равона мекунад, дуюмиро ба Ҷаҳаннам. Ин шаҳодатнома шояд барои дигарон ҷолиб бошад, аммо шахсан ман ба мусалмонии касе, ки худашро бо ҳамин роҳ месанҷад шубҳа дорам.

Ростӣ, ман чандон одами ба дин дода шуда ба ба қавли маъруф “фанатик” нестам ва масъаларо ба самти дин тобиш додан ҳам намехоҳам, аммо ба фикри банда рӯ овардан ба чунин санҷишномаҳои аблаҳона хушоянд нест, зеро барои мусалмони асил иродаи қавӣ ва худотарсӣ шарти асосист. Хоҷа Ҳофиз гӯё маҳз ҳолу аҳвли ҳамин тоифаи фолбинбозро тасвир намуда гуфтааст:

Гар мусалмонӣ ҳамин аст, ки ин қавм доранд,
Вй, агар аз пайи имрӯз бувад фардое!
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД