arzon replenishment
Ганҷинабонуро барои дашному ҳақоратгӯӣ суд мекунанд?
02.10.2024
Оила
1206

 

 

Мақомоти милитсияи пойтахт аз боздошти овозхон ва блогер Ганҷина Хайракова, ки бо тахаллуси Ганҷинабону ҳунарнамоӣ мекунад, хабар додааст.

Хайракова Ганҷина Ҷамшедовна, сокини 28-солаи ноҳияи Кӯшониён, дар асоси муроҷиати сокинон аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир шудааст. Ба таъкиди мақомот, ӯ ҳангоми пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дашному алфози қабеҳ суханронӣ намуда, нисбати дигар шаҳрвандон беэҳтиромӣ зоҳир менамудааст.

Милитсияи пойтахт гуфт, нисбати Ганҷина маводди зарурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шудааст. Маълум нест, ки ӯ аз рӯи кадом банд ба кадом навъи муҷозот маҳкум мешавад.

Мақомоти милитсия саҳифаҳои блогеронро месанҷад ва бештари онҳо барои дашному ҳақорат дар пахшҳои мустақим боздошт гашта, ҷарима ва ҳабси маъмурӣ шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД