Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, имрӯз дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Давҳа дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қатар баргузор мегардад.
Бозӣ соати 19:30 ба вақти Душанбе оғоз хоҳад ёфт.
Гуфта шудааст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо либосҳои сафед ва футболбозони Қатар бо либосҳои сурх ба майдон мебароянд.
Дар даври дуюм дар гурӯҳи чаҳоргонаи «А» имрӯз ҳамчунин бозии дастаҳои мунтахаби Чин ва Лубнон доир хоҳад гашт.
Ёдрас мешавем, ки тими мунтахаби Тоҷикистон дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2023, дар бозии аввал бо футболбозони Чин вохӯрда буд. Бозии мазкур рӯзи 13-уми январ дар варзишгоҳи «Абулло бин Халифа»-и шаҳри Давҳа баргузор гашта, бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфт.
Тими мунтахаби Қатар бошад, дар даври аввал бо ҳисоби 3:0 дастаи мунтахаби Лубнонро шикаст дод.
Рӯзи 22-январ дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби яккачини Лубнон рақобат хоҳад кард.
Дар хабар омадааст, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегиранд.