Футболбозони дастаи мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон мусобиқаи “Ҷоми рушд”-ро бо бохти бузург аз тими наврасони Беларус оғоз намуданд. Бозӣ рӯзи 19-уми феврал дар шаҳри Минск сурат гирифта, бо ҳисоби 6:1 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт.
Дар “Ҷоми рушд” 8 даста ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байни ҳамдигар мубориза мебаранд. Мувофиқи низомнома, дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давра бозӣ хоҳанд кард.
Ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ ёфта, тимҳои ҷойи дуюм барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 ҳам нерӯсанҷиҳо баргузор мешаванд.