Бозингарони тимҳои “Бунёдкор” ва “Насаф” пас аз анҷоми бозӣ дар Тошканд задухӯрд карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар занозанӣ аз ҳарду ҷониб ҳудуди 40-50 нафар ширкат доштанд ва дар маҷмӯъ, он тақрибан 10 дақиқа идома кард.
Тибқи хулосаи комиссияи одоб, барангезандаи ин занозанӣ капитани дастаи “Бунёдкор”, бозигари тими миллии Тоҷикистон Даврон Эргашев гуфта шуд.
“Вақте довар Раҳимбек Каримов капитани тими “Насаф” Умар Эшмуродов ва бозигари эҳтиётии ин даста Абубакр-ризо Турдалиевро аз майдон ронд, Ситоди мураббиёни «Насаф» ба қарорҳои ӯ изҳори норизоӣ карданд ва сардовар ба майдон барои суҳбат бо довари асосӣ омад, аммо баъди чанде гапашон напухту ӯ зери таҳқири мухлисон майдонро тарк кард. Дар ин вақт бозигарон дар майдон ба ҷӯш омад. Чун Эргашев ба ҳарифаш чизе гуфт, якбора задухӯрд шурӯъ шуд”, - навиштааст сомонаи “Спорт”.
Ба иттилои ин расона, ба ҳуҷраи зери трибунаҳо даромада, футболбозони “Бунёдкор” ва “Насаф” аллакай ҳамдигарро тела дода, занозанӣ мекарданд. Ба ин муноқиша сармураббии дастаи “Насаф” Рӯзиқул Бердиев ҳамроҳ шуд ва тавонист онҳоро хомӯш кунад.
Баъди анҷоми муноқиша сармураббӣ дар нишасти матбуотиаш бо хитоб ба Эргашев гуфтааст: “Шумо калонсолед, чаро чунин рафтор мекунед?” Аммо, ин савол хашми бунёдкориҳоро оварда, онҳо ба тарафдории сарвари дастаашон зидди ин сухани сармураббии рақиб бо садои баланд эътироз кардаанд.
Гуфта шуд, ки дар ҷараёни даргирӣ яке аз бозигарон як афсари интизомиро пахш кардааст.