Arzon march 2024
Фурӯ рафтан ба торикӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?
1287


Салом! Чанд шаб шуд, ки хобҳои ваҳшатнок мебинам. Гоҳе дар хобам мисли қаҳрамонони филмҳои даҳшатовар ба ҷойҳои торику ҳавлнок меафтам, гоҳ хоб мебинам, ки дар торикӣ гум шудаам ва гоҳи дигар ба чоҳи бетаге фурӯ меравам.

Метарсам, ки ба сарам ягон фалокати азим наояд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!

Зулайхо, муштарии Оила. ТҶ

Посух

Дар ҳақиқат торикӣ дар хоб ҳавлангез буда, пас аз дидани чунин хоб бар асари асабоният кас худро хаставу бемадор эҳсос мекунад ва дар дилаш ҳисси хавотирӣ пайдо мешавад. Тавре ки яке аз машҳуртарин шахсиятҳои олам-Нострадамус гуфтааст, бештар шахсоне, ки аз нигоҳи равонӣ сахт хаста шудаанд, дар хобашон ба чойҳои торик ва ҳавлнок меафтанд ё ба қаъри торикӣ фурӯ мераванд. Дидани чунин хобҳо нишонаи он аст, ки инсон тамоми қуввату тавоноии худро аз даст додааст ва барои барқарор гаштани нерӯи ботинаш бояд нағзакак дам гирад. Торикӣ дар хоб боз чӣ таъбир дошта метавонад?

Дар хобномаҳо омадааст, ки агар кас дар хобаш ба чоҳи тираву тори бетаге фурӯ равад, дар ҳаёташ душвориҳои зиёде ба вуҷуд омада, ба гирдоби мушкилот меғӯтад. Худро ба даст гирифта,мушкилиҳоро дар муддати кӯтоҳ ҳал кардан лозим аст, дар акси ҳол, кас ба депрессия гирифтор шуда метавонад.
Хоб бинед, ки ба ягон нақби (тунел) дарози торик даромада истодаед, ин рамзи бехабарии шахси хобдида аст. Маълум мешавад, ки шумо мисли одаме, ки шабона бо чашмони пӯшида роҳ мегардад, ҳодисаҳои дар гирду атрофатон рӯй дода истодаро намебинед.

Хоб бинед, ки дар пайроҳа қадам зада истодаед ва соятон дар торикӣ торафт гум шудан мегирад, хатари беморӣ шуморо таҳдид менамояд. Эҳтиёт бошед, зеро чунин хоб нишонаи он аст, ки шахси хобдида ба ягон фалокат дучор мешавад ё сахт бемор шуданаш имкон дорад.

Аммо хоб бинед, ки манзилатон мисли шаб торик аст, вале шумо худро орому бароҳат ҳис мекунед, ин фоли хуб аст.

Чунин хоб нишонаи он аст, ки тамоми душвориҳо ва торикиҳои ҳаёти шахси хобдида ба зудӣ ба поён мерасанд ва зиндагии осудае ӯро интизор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД