Formula novemver 2024
Фурӯ бурдани сақич чи хатар дорад?
805

Хӯрдан ё фурӯ бурдани сақич нодуруст аст. Агар шумо як пораи хурди сақичро фурӯ баред, он сақич табиатан дар тӯли чанд рӯз бидуни ҳазм аз бадан хориҷ мешавад, вале сақичи калон бошад, метавонад барои саломатиатон хатар эҷод намояд.

Сақичро пас аз хӯрок хӯрдан 7-10 дақиқа хоидан, то он даме, ки моддаҳои ғизоии хушбӯй дар он вайрон мешаванд, муфид аст. Беҳтар аст, ки ба кӯдакон то синни 6-7-солагӣ, то замоне, ки онҳо дарк кунанд хӯрдани сақич нодуруст аст, надиҳед, зеро дар кӯдакони хурдсол сақич хоидан боиси аксуламалҳои аллергӣ шуда, гулӯ ва роҳҳои нафас баста мешавад.

Агар пас аз фурӯ бурдани сақич нороҳатӣ пайдо шавад, шумо бояд оби тозаи фаровон бинӯшед ва кӯшиш кунед, ки меъдаро бо қайкунии сунъӣ бишӯед ва фавран ба духтур муроҷиат кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД