Давоми рӯзҳои 11 ва 12-уми феврали соли 2025 дар маҷмааи сайёҳии “Сафед-дара” Форуми дуюми блогерони ҷавони Тоҷикистон таҳти унвони "Нақши блогерон дар рушди ҷомеа, пешбурди фарҳанг ва арзишҳои миллӣ" баргузор гардид.
Дар форуми мазкур беш аз 140 нафар блогерон, намояндагони ВАО ва масъулини чанде аз идораҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он намояндагони як қатор вазорату идораҳо ва роҳбарияти Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии мазкур бо саволу ҷавоб ва мубоҳисаҳои блогерону фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бобати истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ анҷом ёфт. Инчунин блогерону намояндагони воситаҳои ахбори омма аз ин макони зебо дидан намуда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ аз ин макон дар саҳифаҳои худ наворҳо нашр карданд. Дар охири Форум барои иштироки фаъолонона сертификатҳо ба блогерону журналистон тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки Форум ҳамчун як платформаи муҳим барои рушди фазои рақамӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ тавассути ВАО-и рақамӣ нақши муҳим дорад. Ҳадафи асосии он мусоидат ба сиёсати давлатии иттилоотӣ, густариши ҳамкорӣ байни блогерон ва ниҳодҳои давлатӣ, инчунин, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ барои рушди ҷомеа мебошад.