Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 19-20 октябр Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» баргузор мегардад.
Ба иттилоъи Кумитаи рушди сайёҳӣ дар кори форум намояндагони мақомоти давлатии аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва парламент, роҳбарони ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, коршиносон ва соҳибкорон иштирок мекунанд.
Мақсад аз баргузории форуми мазкур муайян намудани самтҳои нави рушди сайёҳӣ ва дастгирӣ дар давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, пешниҳоди ташаббусҳои нави қонунгузорӣ дар ин самт, инчунин фароҳам овардани платформа барои табодули таҷриба ва маълумот дар бораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ҳисоб мебошад.