Чанд лаҳза қабл дар кохи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе — 2023 оғоз гардид.
Дар кори Форум беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои олам иштирок доранд. Дар он, аз ҷумла раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, меҳмонони олимақом аз дигар давлатҳо ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми видеоӣ ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023 муроҷиат намуданд.
Президенти мамлакат ба кори Форум барору комёбӣ орзу намуда, дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон, имкониятҳои кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони хориҷӣ андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ барои иштирокчиёни онҳо ҷиҳати муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодиёти минтақа ва ҷаҳон имконияти мусоид фароҳам меоварад.
Дар баробари ин, чунин чорабиниҳо ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо ва бахусус, байни соҳибкорону сармоягузорон мусоидат менамоянд.
Дар кишвар бо мақсади таъмин намудани заминаи устувори амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ механизми баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ, ки дорои имконияти пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ва кафолатҳои иловагӣ мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 40 кишвари хориҷӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ созишнома имзо намудааст.
“Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти сармоягузоронро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ карда, онҳоро дастгирӣ намояд”, - изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо истифода аз фурсат Сарвари давлат сармоягузорони хориҷиро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории зичу судманд ва таъсис додани ширкатҳои муштарак дар самтҳои гуногун даъват намуданд.