arzon replenishment
Фолбину муллоҳои зинокорро чӣ интизор аст?
20.12.2024
ОИЛА.ТҶ
990

Вақтҳои охир тез-тез дар барномаҳои телевизион найрангҳои пур аз фаҳшу фасоди баъзе ба ном мулло ва соҳиру фолбинҳоро намоиш медиҳанд. Чаро сафи чунин одамон торафт зиёдтар шуда истодааст ва онҳоро чӣ интизор аст?

ФАРИДУН, ш. Турсунзода

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Чунин одамони шайтонсират бо найрангҳои ҳаромашон натанҳо муллоҳо, балки тамоми мардуми мусалмонро шарманда ва бадном мекунанд. Аз тарафи дигар, занҳои назди чунин «мулло» мерафта ҳам бегуноҳ нестанд. Фарзанд ва саломатию бахтро аз Худованд бояд талаб кард, на аз муллою ғайбдон. Касе, ки назди ҷодугарҳо меравад, гунаҳкор мешавад. Хуб аст, ки мақомот даст ба кор шуда, ҷилави чунин ба ном муллою фолбину ғайбдонҳоро кашида истодаанд ва умед аст, ки ба наздикӣ решакан хоҳанд шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД