goodwell
Фолбин дар Душанбе барои сеҳру ҷоду ҷарима шуд
25.08.2026
Oila.tj
123

Дар Душанбе як нафар барои машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зимни санҷиш шаҳрванд Ҳабибуллоев Туйчиро дастгир намудаанд. Муайян шудааст, ки ӯ муддати тӯлонӣ дар манзили истиқоматиаш шаҳрвандонро ҳамчун мизоҷ қабул карда, бо истифода аз расмҳои шаҳрвандон, намак, сипанд ва об ба фолбинӣ машғул будааст. Аз ин роҳ номбурда даромади молиявӣ ба даст меовардааст. Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Ҳабибуллоев тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбати ӯ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардидааст.

Мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки аз муроҷиат ба фолбинон худдорӣ намуда, дар пешгирии чунин падидаҳои номатлуб бетараф набошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД