arzon replenishment
Фоидаҳои камхӯрӣ ва парҳезу гуруснагӣ
14.11.2024
ОИЛА.ТҶ
534

Дар шабакаи иҷтимоӣ хондам, ки паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) бисёр вақт гурусна мегаштаанд. Ин чӣ сабаб дорад? Чаро Паёмбар (с) аз зиёд таом хӯрдан парҳез мекарданд?

МУҶИБУЛЛОҲ, ш. Душанбе

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Дар ин маврид қиссае ҳаст: “Фотима (р) пораи ноне дар даст дошт, ба назди Расулаллоҳ (с) омад, Расулаллоҳ (с) гуфт: “Ин чист?” Фотима гуфт: - “Як қурс нон пухта будам, бе ту натавонистам хӯрд...” Расули Худо (с) гуфт: Аз се рӯз боз ин аввалин таомест, ки андар даҳони падари ту хоҳад расид”. Абуҳурайра (р) мегӯяд, ки андар хонаи Расули Худо (с) ҳаргиз се рӯз, яъне, пайи ҳам нони гандумӣ нахӯрдаам”.  

Бояд зикр кард, ки фазли гуруснагӣ на аз он аст, ки андар вай ранҷу машаққат аст, чунонки фазли дору на он аст, ки талх аст, балки андар гуруснагӣ фоидаҳои зиёде мавҷуд аст. Фоидаи аввали гуруснагӣ он аст, ки дил софу равшан гардонад ва серӣ мардумро кӯрдилу кундандеша кунад ва бархе аз меъда бар димоғ барояд, ки мардумро гиҷу гаранг кунад, то андеша парешон шавад. Маҳз ба хотири ҳамин Расули Худо (с) мегӯянд: “Дилҳои хешро зинда гардонед ба андак хандидан ва пок гардонед ба гуруснагӣ, то ин ки софу нарм шавад.” Бояд тазаккур дод, ки хушдилию сармастӣ ва ғафлат дарвозаи дӯзах аст ва шикастагию бечорагӣ даргоҳи биҳишт аст. Бешак серӣ хушдилӣ ба ғафлат оварда, вале гуруснагӣ оҷизию шикастагиро ба бор меоварад. Яке аз фоидаҳои кам хӯрдан тандуруст мондан аст. Яке аз ҳакимон гуфтааст, ки “Беҳтарин ва нофеътарин чизе, ки одам мехӯрад, анор аст ва бадтарин ғизо гӯшти хушк аст. Рафту хушки бештар хӯрад, барои рафъи зарари он бояд анор бештар истеъмол намояд. Дар ҷое фармудааст, ки “Рӯза доред, то тандуруст шавед”. Оиша (р) мегӯяд, ки Расулуллоҳ (с) гуфт: “Пайваста дари биҳишт бикӯбед, то даратон боз кунанд”. Гуфтам: “Ё Расулаллоҳ, ба чӣ кӯбем? Гуфт: “Ба гуруснагӣ ва ташнагӣ”. Ҳамчунин Ӯ (р) мегӯяд, ки Пайғамбари Худо (с) ҳаргиз сер намехўрд ва маро бар вай раҳм меомад аз гуруснагӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД