goodwell
Фоидаҳои футбол ба саломатии инсон
31.05.2026
Oila.tj
48

Футбол шавқовартарин намуди варзиш буда, хурду калон онро дӯст медоранд. Маҳз ҳамин муҳаббат ба футбол боис гаштааст, ки натанҳо варзишгарони касбӣ, балки кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва занону духтарон низ бо футболбозӣ машғул мешаванд.

Дар баробари шавқовар будан, футбол ба саломатии инсон манфиатҳои зиёде дошта, метавонад бо фарбеҳӣ ва як қатор бемориҳо мубориза барад. Танҳо якчанд машқ дар як ҳафта метавонад ҳаёти шуморо комилан тағйир диҳад.

Бояд гуфт, ки футбол натанҳо аз лиҳози ҷисмонӣ, балки аз нигоҳи равонӣ низ яке аз намудҳои манфиатноктарини варзиш буда, рӯҳияи дастаҷамъонаро ба вуҷуд меорад ва шахсро ба он шавқманд месозад, ки бо тамоми ҳастӣ барои пирӯзӣ талош намояд.

Имрӯз мо ба шумо - хонандагони азиз дар бораи 10 манфиати футбол ба саломатӣ каме маълумот медиҳем.

Фоидаҳои калидии футбол ба саломатӣ ва ҳолати рӯҳии инсон

1. Машқ барои дилу рагҳо

Машқҳои аэробӣ ҳангоми машғул шудан бо футбол суръати гардиши хунро зиёд намуда, кори дилро ба эътидол меорад ва хатари бемориҳои дилу рагҳоро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.

2. Манбаи энергия ва муқовимат

Футбол аз нигоҳи ҷисмонӣ шахсро пурқувват гардонида, босуръат давидан, тез-тез гузариш аз дифоъ ба ҳамла ва баръакс аз ҳамла ба дифоъ ҷисми инсонро саршор аз энергия месозад, ки барои кори бонизоми тамоми узвҳо муфид мебошад.

3. Устухонҳоро мустаҳкам месозад

Ҷаҳидан, давидан ва тӯбро бо лагад задан ба узвҳои такя ва ҳаракат таъсири хеле хуб расонида, устухонҳоро мустаҳкам ва пурқувват месозад.

4. Роҳи беҳтарини халосӣ аз фарбеҳӣ

Барои одамони фарбеҳе, ки мехоҳанд аз вазни зиёдатӣ дар муддати кӯтоҳ халос шаванд, роҳи беҳтарин машғул шудан бо футбол аст.

Дар давоми як бозии фаъоли 90-дақиқагӣ миқдори зиёди калорияи бадан сӯхта несту нобуд мегардад ва имкон медиҳад, ки шахс ба осонӣ аз вазни зиёдатӣ халос шуда, хушқаду қомат гардад.

5. Афзоиши мушакҳо

Машқҳои пайвастаи футбол ба чандиршавӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мушакҳои пойҳо, кос, тахтапӯшт ва устухонҳои тамоми бадан мусоидат намуда, шахсро ҷисман ва рӯҳан қавӣ месозад.

6. Мувозинат ва ҳамоҳангсозии мукаммал

Тез-тез тағйир ёфтани самти ҳаракат ҳангоми футбол, дриблинг ва тӯбро ба ҳамдигар ҳаво додан (пас додан) имкон фароҳам меоранд, ки шахс нигоҳ доштани мувозинати худро дар ҳама ҳолат омӯзад, ҳаракатҳояшро ҳамоҳанг созад ва ҳушёру зираку чусту чолок гардад.

7. Беҳтарн шудани аксуламал ва тамаркуз

Суръати тези бозии футбол шахсро ба он водор месозад, ки дар баробари ҳаракатҳои тези ҷисмонӣ, ҳамзамон ба рафти бозӣ тамаркуз намуда, ба таври фаврӣ ба вазъият баҳо диҳад ва коре кунад, ки ҳар як лаҳзаро ба манфиати худ ва тимаш истифода барад. Қабули қарорҳои фаврӣ дар майдон зеҳни инсонро тез гардонида, ҷараёни кори майнаи сарро суръат мебахшад.

8. Беҳтар шудани солимии равонӣ

Варзишҳои дастаҷамъона, махсусан футбол барои системаи асаб бениҳоят фоиданок буда, стрессро коҳиш медиҳанд ва эътимоди шахсро ба худ афзун мегардонанд.

9. Рушди малакаҳои иҷтимоӣ

Муоширати пайваста бо дигар аъзои тим, риояи қоидаҳои бозӣ ва интизоми варзишӣ ба рӯҳияи инсон таъсири мусбат расонида, малакаи иҷтимоии шахсро зиёд месозад ва ба таҳкими хислат, яъне характер ёрӣ мерасонад.

10. Рушди чандирӣ ва ҳаракат

Маъмулан пеш аз машғул шудан ба футболбозӣ барои гарм кардани бадан футболбозон бо машқҳои махсус машғул мешаванд, ки онро “разминка” ва “растяжка” меноманд. Ин машқҳо барои мушакҳо хеле фоиданок буда, онро тезҳаракат месозанд.

Манфиатҳои дигари футбол

Дар баробари 10 фоидаи асосие, ки дар боло зикр намудем, футбол ба саломатии инсон манфиатҳои дигар низ дошта, системаи муҳофизатии организми инсон - иммунитетро пурқувват месозад, гардиши хунро беҳтар намуда, мубодилаи моддаҳоро дар организм ба низом медарорад ва чандин бемориҳоро пешгирӣ мекунад.

Солим, пурқувват ва ҳамеша саршор аз нерӯи зиндагӣ будан хоҳед, бо футбол машғул шавед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД