Arzon march 2024
Фоидаи оби минералӣ ба пӯст, мӯй ва нохунҳо
737

Мо дар бораи манфиатҳои оби маъданӣ медонем, аммо то кадом андоза муфид будани онро барои пӯст, мӯй ва нохунҳо намедонем.

Биёед аз он оғоз кунем, ки дар ҷисми солим мӯй, пӯст ва нохунҳо ҳамеша зебоанд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки ҷисм дуруст кор мекунад. Он минералҳое, ки дар таркиби об вуҷуд доранд, дар тамоми мубодилаи моддаҳо ва ташаккулёбии ҷисм саҳмгузор ҳастанд.

Тасаввур кунед, ки ҷисми мо қисман аз об иборат аст (то 65%), дар таркиби пӯст бошад, 75-90% об аст, агар минералҳои таркиби он намебуданд, об дар ҷисм намеистод.

Кадом обро бояд нӯшид?

Дар ҳар шишаи оби минералӣ хусусиятҳои шифобахши он навишта шудааст. Агар шумо комилан инсони солим бошед, пас оби дар таркибаш кремний доштаро интихоб кунед, он барои пӯсту мӯй ва нохун фоидабахш буда, кори майнаи сарро беҳтар месозад.

Ба ҳеҷ ваҷҳ танҳо оби минералӣ нӯшидан лозим нест, баъди ҳар дафъаи нӯшидани он бояд оби муқаррарӣ низ нӯшид. Дар як рӯз нӯшидани 1-2 истакон оби минералӣ кифоя аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД