Салом! Вақтҳои охир худро хеле камқувват ва беҳолу бемадор эҳсос мекунам. Як ҳамсояамон, ки ҳамшираи шафқат шуда кор мекунад, маслиҳат дод, ки шарбати лаблабӯ нӯшам. Мехоҳам донам, ки шарбати лаблабӯ ба саломатии инсон чӣ фоида дорад?
НУРИЯ, сокини шаҳри Душанбе
Посух:
- Лаблабӯ фишори хунро паст карда, рагҳои хунгардро тақвият мебахшад ва ҳамзамон кори ҷигарро беҳтар сохта, оби зиёдатиро аз ҷисм берун месозад. Боз як хусусияти аҷиби лаблабӯ дар он аст, ки ҳангоми дар об ҷушонидани лаблабӯ витаминҳояш нест намешаванд.
Шарбати лаблабӯ низ муфид аст, аммо онро ба миқдори 1:4 бо об омезиш додан лозим аст. Боз беҳтар мешавад, агар қабл аз истеъмол шарбати лаблабӯро каме нигоҳ доред. Онро танҳо бо иловаи об бояд истеъмол намуд, шарбати лаблабӯро бе иловаи об зарарнок аст.