Себ меваи хушхӯр ва аз оҳан бой буда, ҳамарӯза истеъмоли он барои одамони хунашон кам тавсия дода мешавад. Гемоглобинро дар организми инсон баланд мекунад. Дар таркибаш витаминҳои фоиданок дошта, дилро тақвият мебахшад.
Барои нафарони мубталои фишори хун беҳтарин даво аст. Аз ҷисм намаку моддаҳои нодаркорро бароварда, барои паст кардани фишори хун тавсия дода мешавад. Беморони фишори хунашон баланд бояд ҳар субҳ 1 дона себи сабзи “антоновка” бо каме нон (хлеб)-и сиёҳ истеъмол кунанд. Ё ин ки як соат қабл аз хӯрок ним стакон шарбати себи сабз истеьмол намоянд.
Ҳангоми заҳролудшавӣ (отравления) истеъмоли себ муфид аст. Дар таркиби себ сорбенти табиӣ вуҷуд дорад, аз ин рӯ, заҳрҳоро аз бадан хуб тоза мекунад.
Ин мева ҳолати узви ҳозимаро (пищеварения) беҳтар мекунад, зеро дар таркибаш ҷавҳарҳои зарурии органикӣ дорад. Ба шарофати ин ҷавҳарҳо себ истеҳсоли сафро ва кори меъдаро танзим мекунад. Хӯрдани як дона себ 20 дақиқа пеш аз хӯрок иштиҳои хубро кафолат медиҳад.
Себ барои вазни зиёдатиро кам кардан фоида дорад. Ҳангоми парҳез хӯрдани себ бо кефир фоиданок аст. Заҳру таҳшинро аз бадан хориҷ мекунад. Барои харобшавӣ чунин омехтаҳои афшураҳоро тайёр карда менӯшанд: афшураи себ - 100 мл, афшураи харбуза - 50 мл, афшураи помидор - 5 мл, шарбати лимӯ - 25 мл.
Себ холестерини организмро паст мекунад.
Бо ин мақсад дар як рӯз ду-се дона себ хӯрдан кифоя аст. Диетологҳо мушоҳида кардаанд, ки парҳези дуҳафтаина бо себ мавҷудияти холестеринро дар хуни инсон тақрибан 30% коҳиш медиҳад.
Қайд кардан лозим аст, ки себи сабз нисбати себи сурх фоидаи давогиаш зиёдтар аст.
Муқаррар карда шудааст, ки афшураи себҳои “антоновка” ва “семеренко” микробҳои вайронкунандаи дизентерияро нобуд мекунад.
Мутаассифона, себ барои ҳама фоиданок нест. Хӯрдани он дар шакли хом барои одамони гирифтори бемории захми меъда, хусусан захми рӯдаи дувоздаҳангушта номатлуб аст, зеро ҷавҳари дар меваҳо мавҷудбуда луобпардаи меъдаи беморро дардманд мекунад.
Беморони гирифтори диабети қанд набояд аз 2 дона себ зиёд истеъмол намоянд. Ҳамон ҳам фақат себи сабз бошад.
Тавре собит гардидааст, себи сабз дорои ҷавҳари аскорбин, витамини C буда, дар муқоиса бо себи зард ва сурх фоидааш зиёдтар мебошад.
Барои пешгирии атеросклероз тавсия дода мешавад. Ним стакон афшураи себи “антоновка” қабл аз хоб барои бехобӣ ва оромии асаб тавсия дода мешавад. Ҳамчунин пӯсти себро хушконида ё тару тоза ҳамчун чой дам карда нӯшед, барои фаромӯшхотирӣ даво аст.
Барои зуком ва бронхит низ нӯшобаи пӯсти себ тавсия дода мешавад.