Баробари фаро расидани мавсими хазонрез азобу машаққати занҳои кӯчарӯб зиёд мешавад.
Баргҳое, ки чанде пеш сабз буданд, амсоли пирони баҷомонда, ки зиндагиашон рӯ ба завол овардааст, ба зардӣ моил шуда, дар ҳавои боди велгард аз шохаҳо сарсер мешаванд. Чеҳраи қаҳрамони мо низ ба ҳамин баргҳои заъфаронӣ шабоҳат дошт...
Ман бо ин зани меҳнаткаш, ки панҷаҳояш бар асари кори вазнин шахшул гашта, чеҳраи пурожангаш ба заъфарон монандӣ дошт, бо амри тасодуф ошно гаштам. Ҳамон рӯз, аниқтараш шаб хоҳарам таб карду дорӯхарӣ фаромадам. Соат тахминан сеюним ё чор буд ва дар кӯчаҳо ба қавли мардум,ҳатто пашша пар намезад. Биноро тоб хӯрда, ба самти дорӯхонаи 24-соата, ки шабонарӯзӣ кор мекард, равон шудам, ҳамин вақт чашмам ба зане афтод, ки як ҷорӯби дарози шохин дар даст хиш-хишкунон кӯча мерӯфт. Чеҳрааш ба назарам калонсол намуд ва аз дил гузарондам, ки шояд тангии рӯзгор ӯро маҷбур карда бошад, ки дар ҳамин нимашаб кӯчарӯбӣ кунад. Худ ба худ мунозира мекардам, ки ин зани кӯчарӯб ягон фарзанд надошта бошад, ки дар дами пирӣ асои дасташ гардад ё писари нохалафе дорад, ки парвои модар надорад...
Хуллас, дармайнаам даҳҳо саволи бе ҷавобчарх мезад, аммо вақту ҷуръати бо зани кӯчарӯб ҳамсӯҳбат шуда, аз сарнавишти ӯ огоҳ гаштанро надоштам, зеро дар хона бемор доштам.
Шитобон ба дорӯхона рафта давоҳои лозимиро харидам ва ҷониби хона равон шудам. Пиразан ҳамоно ших-шихкунон кӯча мерӯфт...
Пас аз ду соат олам тамоман рӯшан гашту ман барои харидани нону шир баромада боз ҳамон зани кӯчарӯбро дидам. Вай аллакай кору бори худро ба сомон расонида буд ва дар канори роҳ нишаста дар бораи чизе фикр мекард. Ҳисси кункобиам боло гирифту наздиктар рафта кунквона ба чеҳрааш чашм давондам. Аз саропойи вуҷудаш гӯё дард мерехт. Мехостам сабаби ғамгиниашро пурсон шавам, аммо аз чӣ сар карданамро намедонистам.
Эҳтимол кулбори аламҳои дилаш лабрез гашта буд, ки аз нигоҳи ман рамуз гирифта, бидуни он ки чизе бипурсам, зан худаш ба нақл кардани саргузашти талхаш шурӯъ кард:
-Маро дар хона касе интизор нест, барои ҳамин қариб ҳар рӯз баъди тамом кардани корам боз чанд соат дар ҳамин ҷо мешинам. Рафту омади одамони хушбахтро бо фарзандонашон тамошо карда, каме ҳам бошад, ғубори диламро мебарорам. Хайр, чи илоҷ, ба мани мискин худованд танҳо аз дур тамошо кардани бахту саодати дигаронро насиб дида будааст, -зан оҳи сарде кашид ва ду қатра ашк аз чашмони пурожангаш ба рӯйи рухсораҳои заҳираш шорид...
-Шавҳару фарзандонатон куҷоянд? Магар онҳо бо шумо зиндагӣ намекунанд?-Кунҷковона пурсидам аз зани гирён.
Зан лаб газида, қисса кард:
-Чандин сол пеш шавҳарам ба касалии саратон гирифтор шуда аз олам гузашт. Ман он вақт хеле ҷавон будам ва баъди марги ҳамсарам чандин мардони занмурда талабгорам шуданд, аммо ба хотири писари яккаву ягонаам дубора шавҳар накардам. Намехостам фарзандам пеши пойи паиндар хору зор шавад, аммо...
Зан инони ихтиёр аз даст дода, бо овози баланд ҳунгосзанон гирист.
-Магар писаратон зан гирифта, шуморо партофта рафт?-Пурсидам ман бо гумони он ки зан аз носипосии фарзанди нохалафаш мегиряд.
-Кошки думболи занеро гирифта мерафту маро суроғ намекард! Кошкӣ як пора нонам намедод, вале зинда мебуд,-бо ашки шашқатор ҳасрат намуд пиразан ва оҳи пурсӯзе кашида, ба нақли қиссаи пурғуссаи ҳаёташ идома дод:
-Ранҷу азобҳои зиёде кашида, писарамро ба танҳоӣ калон кардам, хонондам, зан додам, соҳиби набера шудам. Боварӣ доштам, ки акнун хориву зориҳоям ба поён расид ва минбаъд дар сояи писарам давлати пирӣ меронам, вале ин чархи фалак ҳеҷ даст аз гиребони мани бадбахт накашид, ки накашид. Келинам як писар таваллуд карду бо ҳамин дигар ҳомиладор нашуд.
Зану шавҳар маслиҳат карданд, ки ба Русия рафта ҳам кор мекунанду ҳам табобат мегиранд. Азбаски худам як писар доштам, намехостам писарам бо як фарзанд монад. Мехостам хонааш пури бача бошад, барои ҳамин ба онҳо дуои сафед дода, парастории набераамро бар дӯш гирифтам. Се моҳи аввал кору бори писарам дар Русия хеле хуб буд, тез-тез занг мезад, пулмефиристод, вале баъд балои азиме ба сарам омада, писару келинам ба садама афтоданд ва ҳарду дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурданд. Хабари марги ҷигарбандонамро шунида, фиғонам ба фалак печид, рӯю мӯямро канда нола мекардам, ки бачаҷон, чаро мани пир ва фарзанди хурдатро партофта рафтӣ, вале замин сахту осмон баланд буд ва дасти мани хунҷигар ба домони само намерасид...
Зан хеле гириста дилашро холӣ карду баъд қиссаи пурдарди сарнавишташро идома дод:
-Пас азмарги писарам маҷбур шудам, ки ба кӯчарӯбӣ бароям, зеро акнун ман бояд ҳам худам ва ҳам набераи панҷсолаамро мехӯрондам. Аввал хостам бачаро ба боғча диҳам, вале кӯдак ҳеҷ боғчаро қабул накард, ки накард. Зор-зор гиря мекард, ки бибиҷон, маро ба боғча набаред. Дилам ба ҳолаш сӯхт ва қарор додам, ки худам дар хона ӯро нигоҳубин мекунам. Дарро аз болояш қулф карда, кӯчарӯбӣ меомадам ва тез-тез кору борамро ба сомон расонида, ҳанӯз набераам бедор нашуда ба хона бармегаштам, вале як рӯз корамон тӯл кашид. Диламро гургон тала мекарданд, ки кӯдак бедор шуда бошад, тани танҳо дар хона метарсад. Вақте ки рӯфтанро тамом карда, халтаи партовро ба партовгоҳ мебурдам, чашмам ба писарчае афтид, ки роҳро гузаштан мехост.
Аз дур бошад ҳам, набераамро дарҳол шинохтам ва фарёд задам, ки “Фаридунҷон, ист, набиё, мошин бисёр аст, ман худам ҳозир ба наздат меравам,”вале кӯдак осемасар давида худро ба байни роҳ зад. Ҳамин вақт балои нгаҳнӣ барин, мошини калони боркаше пайдо шуда бо шиддат гузашт ва...
Ростӣ, чи тавр саркану покан ба он сӯ давиданамро ёд надорам, аммо вақте ки расидам, набераи дӯстрӯякам аллакай дар рӯйи роҳ дар хуни худ ғарқ мехобид...
Буғз зани кӯчарӯбро гӯлугир кард ва рӯяшро бо кафи дастонаш дошт. Саропойи вуҷудаш дарақ-дарақ мелазид, аён буд, ки бо нақл кардани ин қиссаи пурдард ӯ бори дигар ҳамон лаҳзаҳои ҷигарсӯзро хаёлан аз сар гузаронида истодааст...
-Зуд кӯдакро ба духтурхона набурдед?-пурсидам нимғурма.
-Дигар ҳоҷати ба духтур бурдан набуд, чунки ҷони набераҳакам аллакай баромада буд,-бо садои ҳазин посух дод зан ва оҳи сарде кашида аз ҷояш бархосту вазнин-вазнин қадам зада, ҷниби самти дигари кӯча равон шуд.
Ман ҳатто фурсат наёфтам, ки ягон сухани таскинбахш гуфта, каме ҳам бошад, ӯро тасаллӣ диҳам...
Саргузашти пурдарди ин зани солхӯрдаи кӯчарӯб маро он қадар мутаасир гардонида буд, ки ҳатто пурсидани ному насаб ва суроғаашро фаромӯш кардам...
Тақдир бозиҳои номардонаи зиёде дорад ва кас намедонад, ки ба сараш чи рӯзҳои сахту сангине меоянд, барои ҳамин ба қадри ҳар лаҳзаи ҳаёт, ба қадри ҳар нафасе, ки мекашем ва аз ҳама муҳимаш ба қадри ҳамдигар бояд расид, зеро ба қавли Ҳазрати Бедил:
Як ваҷаб роҳ аст Бедил, аз ту то домони хок,
Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!