Аҳли оила ва пайвадону наздикони Абдуманон Худойназаров имрӯзҳо хун мегирянд. Ин марди 58-сола бо велосипед аз хона баромада буд, вале баъди чанде ҷисми ба хун оғӯштаашро аз дар дароварданд...
Ин фоҷиаи ҷигарсӯз рӯзи 12-уми май сар задааст. Тавре ки Вазорати умури дохилии кишвар хабар медиҳад, санаи 12 май, тахминан соатҳои 11.30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Портер», Ҳомидов Комилҷон Шавкатович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Куркати ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Худойназаров Абдуманон Турсунмуродович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи мазкурро пахш кардааст.
Дар натиҷа ин марди 58-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Таҳқиқот аз рӯйи ҳодиса идома дорад.
Бори дигар аз тамоми ронандагон, пиёдагардон ва велосипедсаворон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанду ҳаёти худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд.