Дурдонаи куҳистон
Дар куҳистони дури Вахё, дар миёни куҳҳои сар ба афлок кашида, дар оилаи марди батақвою сарватманд Сангаки Хабир се нозаниндухтар ба воя мерасиданд-Раъно, Зебо ва Парӣ. Хоҳарон яке аз дигаре зеботар буданду харидоронашон аз мӯйи сарашон зиёд, вале Сангаки Хабир духтари калониашро ба ятими дари хонааш, дуввумиро ба як хешаш ва Парии нозанинро ба ҷавоне аз деҳаи ҳамсоя ба шавҳар дод. Парӣ дар ҳусну малоҳат дар гирду атроф ҳамто надошту аз панҷ панҷааш ҳунар мерехт, аз ин рӯ дар як муддати кӯтоҳ дар байни хешу табори шавҳар соҳиби иззату икром гашт. Хусураш ду зан ва фарзандони зиёде дошт ва онҳо ҳама дар як ҳавлии калону барҳаво дӯстона ҳаёт ба сар мебурданд. Ҳар субҳ Парӣ куртаи чаканашро ба бар намуда, зираи нуқрагинашро ба гардан овехта, гӯшвораҳо дар гӯшу рӯймоли сафеди арӯсӣ дар сар ба рӯи ҳавлӣ мебаромаду тамоми бачаҳои деҳа ба сари бому бомгӯшаҳо мебаромаданд, то ин фариштаи заминиро тамошо кунанд. Қаду қомати расою мӯйи бо лаби доманаш баробар ва пӯсти сафеди абрешимию рухсораҳои гулобиранги арӯс бо куртаю рӯймоли сараш ба қавле ҷанг карда, абрӯвони сиёҳи камоншаклаш дили ҳар бинандаро бо як нигоҳ шикор мекарданд. Шавҳараш Камол он қадар шефтаи ҷамоли бемисоли Парии нозанин буд, ки дар назди худиву бегона бо ифтихор дар бораи арӯси нозанинаш гап мезад. Ҷавонмард фахр мекард, ки Парии серхаридор, дурдонаи куҳистони Вахёро Худованд маҳз насиби вай гардонидааст…
Нозанини ҳунарманд
Парӣ арӯсаки шашмоҳа буд, ки ба куҳистон баҳор омаду мардум дар пояи куҳдомани сабзе хайма зада, омад-омади арӯси солро ҷашн гирифтанд. Ин айём барои наварӯсон ва духтарони хона як саҳнаи намоиши истеъдод буда, яке оши бурида мепухту дуввумӣ кашк, саввумӣ нонҳои гуногунро рӯйи дастурхони идона мегузошт. Занҳои солортар суманак мепухтанд. Мардон махсус барои ҳамин ҷашн дар куҳдоманҳо танӯр мечаспонданд. Парӣ ҳамроҳи авсунҳояш, ки ду нафар буданд, нони чаппотӣ ва оши бурида пухтанд. Арӯсак зуволаи оши буридаашро чунон тунук кард, ки мардум ба ҳайрат омаданд. Арӯсак бо ошбури махсуси куҳистонӣ зуволаро чун мӯй борик бурида моҳирона даста кард. Торҳои хамири бурида, ки бо қади бурандааш баробар ва ба калобаи ришта монанд буданд, дар дасти Парӣ чунон печутоб мехӯрданд, ки марду зан ҳамаро як сӯ монда ба тамошои ошбурии арӯси ҳунарманд омаданд. Пас аз ба дег андохтани оши бурида, Парӣ чанд зуволаи махсусеро, ки худаш аз хамири чаппотӣ канда буд, ба дегдон часпонд. Чаппотиҳои чун коғаз сафедаш низ аз нони пухтаи дигар занҳо фарқ доштанд ва бисёр кадбонуи моҳир будани соҳибашонро исбот мекарданд. Номи Парӣ он рӯз вирди забони хурду калон буд, яке мегуфт, ки дар чаппотиҳои пухтааш як ҷавонмардро печонида мешавад, дигарӣ тавсифи оши буридаашро мекард. Аҳли хонадон бо келини ҳунармандашон ифтихор доштанд. Дар базмгоҳ танҳо ду нафар аз ин ҳама комёбиҳои Парӣ норозӣ буданд ва дар гӯшае нишаста аз рашк чун мӯйи дар оташ афтида ба худ мепечиданд…
Рашки авсунҳо
Ширин ба Гулмо гуфт:
-Медонад, ки хушрӯй аст, ноз мекунад! Магар кори ҳамин рӯз кардааш кор буд? Шарм надошта пеши назари ҳама оши буридаро даста карда, чаппотӣ пухт, то ҳунармандиашро нишон диҳад! Магар мо наметавонем? Айби шавҳари латтааш, бо садои пояш лаббай, ки мегӯяд, назараш одамро намегирад…
-Бод хӯрад силсилаю шилшилаҳояшро, чунон нозу ишва мекунад, ки гӯё духтари амири Бухоро бошад,-лабонашро инҷ карда гуфт дар тақвияти суханҳои авсунаш Гулмоҳ.
ИДОМА ДОРАД...
АЗ ИДОРА: ДАВОМАШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!