Ба сари як муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки дар шаҳри Санкт- Петербурги Россия кор мекардааст, фоҷиаи сахте омада, дастгоҳ пойҳояшро маҷақ кардааст. Табибон вазъи саломатии ӯро вазнин азрёбӣ намудаанд...
Ҳодиса рӯзи 18-ноябр дар ноҳияи Невскии шаҳри Санкт-Петербурги Россия рӯй дода, пои як муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки дар заводи конструксияҳои металии «ДК-Спецстрой» кор мекард, дар дастгоҳ дармондааст. Дар ин бора «Оперативное прикрытие» хабар додааст. Гуфта мешавад, ки дастгоҳ устухонҳои пойи ин муҳоҷири меҳнатии тоҷикро маҷақ кардааст.
Бино ба қавли манбаъ, ҳодиса субҳи 18-ноябр дар маҳалли кори муҳоҷир, яъне заводи«ДК-Спецстрой» сар задааст, ки дар кӯчаи Караваевская воқеъ мебошад. Маъмурияти корхонаи мазкур дарҳол ба “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, табибонро ба ёрӣ даъват намудаанд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки бемор дар ҳолати бисёр вазнин бо захми кушодаи шикастани устухонҳои ҳарду пой ба беморхона оварда шуда, дар шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ карда шудааст.
Муҳоҷире, ки дастгоҳ устухонҳои пояшро маҷақ кардааст, 33 сол доштааст. Айни замон масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ барои риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.