Formula novemver 2024
Фоҷиаи хунин дар нақби “Истиқлол” ё сафари тақдирсӯзи Зулайхо
19790

Он рӯз қиёмат дар нақби “Истиқлол” гӯё қоим шуда буд. Сафаракиҳо бо дидани манзараи хунин ба ташвиш афтода, осемасар аз мошинҳо пиёда мешуданд, то бифаҳманду бубинанд, ки чи ҳодиса рӯй додааст. Атроф пур аз шишапораҳои шикаста ва замин аз хуни одамӣ лолагун гашта буд. Бо азобҳои алим ҷисми ба хун оғӯштаи занро аз мошин берун кашиданд. Вай зарбаи сахт хӯрда, тамоман ҳушу ёд надошт, аммо ҳанӯз рамақе аз ҷон дошт. “Зуд бошед! Занро ҳарчи тезтар ба беморхона расондан лозим, шояд зинда монад”-нидо баланд кард марде аз байни издиҳом, аммо...


Талошҳои мардуми хайрхоҳ барои наҷоти ҷони ин зани дар хуни худ ғарқ гашта самар надод. Ҳанӯз ба бемористон нарасида ӯ бо дили пурормон ҷон ба ҷонофарин супурд...
Ин фоҷиаи қисматсӯз як рӯз қабл дар нақби “Истиқлол” сар задааст. Тибқи маълумоти Вазорати умури дохилии кишвар, ҳодиса тахминан соатҳои 11.30-и рӯзи 13-уми октябр рӯй дода, мошини «Хонда СРВ»-муттаалиқ ба Икромиддин Ҳакимов, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок” дар дохили нақби “Истиқлол” ба мошини дар ҳолати корношоямӣ қарор доштаи «Мерседес-Бенс-Атеко» бархӯрдааст.
Мутаасифона, мусофири “Хонда” Зулайхо Бобокалоноваи 59-сола бар асари садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ҷониби бемористон ҷон ба ҷонофарин супурд.
Боз як садамаи дигари марговар дар роҳи «Панҷакент-Самарқанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент сар зада, ронандаи мошини номаълум бачаи 15-сола Кобилҷон Каримовро пахш намуда, ба ҷойи ҷабрдидаро зуд ба беморхона бурдан аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Ноболиғ ҷароҳатҳои зиёде бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид, ронандаи фирорӣ бошад, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда, тафтишоти ин ҳодисаи хунин идома дорад.
“Эҳтиёт-ними ҳаёт”-гуфтаанд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт намуда, ҳаёти худ ва дигаронро дар хатар нагузоред, ронандагони азиз!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД