Ба сари як оилаи тоҷик дар Русия мусибати вазнине омада, фарзанди хурдсоли худро аз даст доданд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ маҳз якравии падараш боиси марги ин кӯдаки маъсуми 2-солаи гаштааст...
Кӯдак аз табби баланд гӯё дар курраи оташ месӯхт ва шаби 27-январ волидонаш ӯро ба беморхонаи шаҳри Кировскии вилояти Ленинград бурданд. Вақте ки ҳарорати бадани тифлакро санҷидаанд, таббаш 38, 5 дараҷа будаааст.
Табибон баъди муоина мегӯянд бемориаш ҷиддист ва кӯдакро фавран бистарӣ кардан лозим аст, вале падари 28-солаи кӯдак розӣ нашуда, дар ҳамон ҳол тифли беморро ба хона мебарад. Тахминан як соат пас аҳволи кӯдак боз ҳам бадтар шуда, падараш ӯро дубора ба бемористон меорад, вале кӯдак дар роҳ вафот мекунад.
"Ҷасади кӯдакро барои ташхис ба морг бурдаанд.
“Дар пулис гуфтаанд, ки модари кӯдак шаҳрванди Тоҷикистон буда, ду ҳафта пеш ҳаққи иқомат дар Русияро ба даст оварда буд. Падари кӯдак челонгар будааст”-менависад Бомдод дар такя ба расонаҳои маҳаллӣ."
Дар чанд рӯзи охир ин дуюмин ҳолати марги кӯдакони хурдсоли тоҷик дар вилояти Ленингради Русия мебошад. Шаби 25-уми январ бар асари бемории сурхакон як кӯдаки шашсолаи муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Ленингради Русия ҷон дода буд.