Муноқишаи оилавӣ дар Вилояти Суғд бо фоҷиаи мудҳише анҷом ёфт, ки ҳатто аз шуниданаш хун дар рагҳои кас ях мебандад. Як сокини ин вилоят ҳамсарашро зинда ба зинда оташ задааст.
Ҳодиса дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сар зада, дар рафти ҷанҷоли оилавӣ мард ба сари ҳамсараш сӯзишворӣ рехта, занро зинда ба зинда оташ задааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, рӯзи 9-уми январ байни як марди 25-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳамсари 23-солааш ҷангу ҷанҷоли оилавӣ сар задааст. Дар рафти моҷарои хонаводагӣ ин ҷавонмарди 25-сола дар ҳолати мастӣ ба сари зани ҷавонаш сӯзишвории дизелӣ пошида, арӯсаки се моҳ пеш ба ин хонадон келин шуда омадаро зинда ба зинда оташ задааст.
Айни замон зан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона қарор дошта, нисбати марди золим бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Марде, ки занашро оташ зада, пештар бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда, санаи 25-уми сентябри соли 2022 дар асоси ақди никоҳи мусулмонӣ оила барпо кардааст, вале ҳамагӣ баъди се моҳи ҳамзистӣ ин марди бераҳм бо баҳонаи мастӣ ҳамсарашро зинда ба зинда оташ зада, дубора равонаи зинон гашт. Тафтишоти ҷузъиёти дигари ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.