arzon replenishment
Фоҷиаи 3 оила дар Рӯдакӣ, Бохтар ва Ёвон
647

Рӯзҳои 2-3-юми июн ҷасади 3 ноболиғро пайдо карданд. Ҷасадҳои пайдошуда кӯдакону наврасоне мебошанд, ки...

Дар Рӯзи ҳимояи кӯдакон - 1-уми июн як навраси 15-сола дар шаҳри Бохтар ҳангоми оббозӣ дар канали Бибихонум дар об ғарқ шудааст. Гурӯҳи 13-нафараи наҷотдиҳандагон дарҳол ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуда, вале дар давоми ду шабонарӯз аз ғарқшуда ягон осоре пайдо карда натавонистаанд. Танҳо рӯзи 3-юми июн ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муяссар гаштааст, ки соатҳои 10:00 ҷисми беҷони ин навраси 15-соларо тақрибан 800-850 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо намоянд.

Ҳодисаи дуюм дар ноҳияи Рӯдакӣ сар зада, як навраси 14-сола аз деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ҳангоми оббозӣ дар обанбори «Сомон Сангрез» ғарқ шудааст. Ҷасади писаракро пас аз чанд соат наҷотдиҳандагон пайдо намуда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 2-юми июн низ наҷотдиҳандагон ҷасади як кӯдаки дигарро пайдо карда буданд. Ғарқшуда сокини 10-солаи деҳаи Кӯлоботи ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон буда, рӯзи 1-уми июни соли 2024, тахминан соати 13:30 ҳангоми оббозӣ дар канал ғарқ шудааст. Ҷасади ин писаракро 800 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда, аз об баровардаанд.

Таътили тобистонаи бачаҳо сар шуд ва кӯдакону наврасон бештари вақти худро дар хона мегузаронанд. Аз ҳамин хотир, аз волидон хоҳиш мекунем, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва барои оббозӣ кардан дар ҷойҳое, ки оббозӣ манъ аст, иҷозат надиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД