Як бачаи навраси 12-солаи тоҷик дар рӯзи Иди Ғалаба қурбон шуда, ғарқа дар хуну халаф ҷони ширини худро аз даст дод...
Ин ҳодисаи нохуш рӯзе 9-уми май, вақте ки тамоми сокинони Тоҷикистон мисли дигар халқу миллатҳои озодидӯсти сайёра иди ғалабаро таҷлил менамуданд, рӯй дода, марги фоҷиавии як писарчаи 12- сола хонаеро мотамсарой гардонд. Ин писараки ноком бар асари садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст.
Тавре ки ВКД хабар медиҳад, рӯзи 9-май, тахминан соати 18:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бобохонов Хушвахт Анварович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Чоряккорон ба самти деҳаи Озодии занон, дар рӯ ба рӯи гардиши маҳаллаи Маҳмадшоҳи-Боло аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Бобиев Фазлиддин Музаффарович, соли таваллудаш 2010, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Писарак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Бори дигар аз тамоми ронандагон ва пиёдагардон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ бисёр эҳтиёткор бошанду ҳаёти худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд.