Arzon march 2024
Фоҷиа дар кони ангишти Фон-Яғноби Айнӣ
715

Дар кони ангишти Фон-Яғноби Айнӣ фоҷиа рӯй дода, боиси марги 3 нафар кӯҳканҳо гашт. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар хабар додааст.

“Санаи 17-уми январи соли 2025, соати 14:00 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки ҳангоми кор дар дохили кони ангишти Фон-Яғноб, воқеъ дар ноҳияи Айнини вилояти Суғд, бар асари фурӯ рехтани сангу рег се нафар кӯҳкан зери харобаҳо мондаанд. Ба ҷойи ҳодиса фавран гурӯҳҳои наҷоти кӯҳии КҲФ дар вилояти Суғд сафарбар карда шуданд. Бо роҳандозии корҳои наҷот наҷотдиҳандагон ҷасади се нафар кӯҳканҳоро пайдо намуда, аз кон бароварданд”,- омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, ҳалокшудагон яке 47-сола, дуюмӣ 42-сола ва сеюмӣ 41-сола будаанд. Ҷасадҳо ба беморхонаи вилоятӣ бурда шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои фоҷеаро тафтиш мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД