Наврӯз яке аз бузургтарин идҳои мардумони Шарқ ба шумор рафта, хурду калон ин ҷашнро бо беқарорӣ интизорӣ мекашанд, зеро иди наврӯз айёми тараб ва дилхушист.
Одатан дар рӯзҳои наврӯзӣ мардум ба сайри боғу чаман ва тамошои бузкашию гӯштингирӣ мераванд, вале ман ошиқи таронаву суруд ҳастам ва мехоҳам фарзандонамро низ дар ин рӯҳия тарбият намоям. Шунидам, ки яке аз ҳунармандони машҳури узбек Фирӯза Ҷумъаниёзова ба шаҳри Душанбе омадааст ва ба шарафи иди наврӯз консерт медодааст.
Аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат намудам, то фаҳмам, ки ин овоза ҳақиқат дорад ё не?
Муродгул аз деҳаи Чорбоғи н. Варзоб
Аз идора:
Баргузории барномаҳои консертии ҳунармандони машҳури афғон, эронӣ ва ӯзбек дар ҷумҳурии мо як амри маъмулӣ гаштааст. Сарояндагони кишвари дӯсту ҳамсояамон Ӯзбекистон низ қатори дигар ситораҳои Шарқ дар ҷашну маросимҳои гуногун ба Тоҷикистон сафар намуда, барои мухлисони тоҷикистониашон барномаҳои рангини ҳунарӣ барпо менамоянд. Имсол низ ин анъана побарҷо монда, дар рӯзҳои наврӯз баргузор гаштани барномаи консертии яке аз ҳунармандони шинохтаи Ӯзбекистон, бонуи хушсадову хушсимо Фирӯза Ҷумъаниёзова дар назар аст.
Тавре ки баъзе манбаҳо, аз ҷумла “Азия-плюс” менависад, консерти Фирӯза Ҷумъаниёзова рӯзҳои 25 ва 26 март дар тарабхонаи “Бухоро” баргузор мешавад ва мухлисонаш имкон доранд, ки бо сарояндаи писандидаи худ аз наздик ошно гашта, аз шунидани таронаҳои дилошӯби ин бонуи ҳунарманд лаззат баранд.
Фирӯза Ҷумъаниёзова аз зумраи ҳунармандони хеле машҳури Ӯзбекистон буда, 38-сол дорад. Фирӯза дар рӯзи ошиқон-14 феврали соли 1984 дар Хоразм ба дунё омадааст. Бартарии ин бонуи ҳунарманд аз дигар санъаткорони ӯзбек дар он аст, ки бо чанд забон суруд хонда, дар дилу дидаи ҳазорон-ҳазор одамон маъво гирифтааст ва берун аз марзи ватанаш низ шӯҳрат дорад. Фирӯза бо забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, казоқӣ, озарӣ ваа фғонӣ хеле ширин месарояд. Аз байни таронаҳои тоҷикии Фирӯза Ҷумъаниёзова сурудҳои Сири дил», «Дидан мазза дорад» ва «Чашми дилбар» хеле ҷаззоб садо медиҳанд ва мухлисони бешумор доранд.