Сайиднисо Қобилова сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда рӯзгори сар то по дард ва сангине дорад. Номбурда 20 сол пеш бо ду духтарча аз шавҳараш, ки писари аммаш буд, ҷудо шуда, майли шавҳари дуюм накардааст.
Ба қавли худаш “аз шавҳар дилмонда” шуда, ҳамеша кӯшиш мекард, ки ду духтарашро тарбияи нек дода бо номи накӯ ба воя расонад, аммо...
Тақдири Сайиднисо талхӣ карда, соли 2008 духтари хурдияш Фарида Қодироваро мошин зад. Он вақт ин духтараки маъсум ҳамагӣ 11-сол дошт ва бар замми азоби бепадарӣ беморию дард ба дӯши кӯдаки бечора бор шуд.
Шири аз модар хурдаам аз даҳонам омад
Дарди Сайиднисо танҳо танҳоиву нодорӣ ва сарсониҳои зиндагӣ нест. Ин зан он қадар ранҷу азобҳои бисёре кашидааст, ки ба гуфти худаш “шири аз модар хурдааш аз даҳонаш омадааст”.
Вақте духтараш Фаридаро мошин мезанад, хохарбузургаш Фирӯза ҳамроҳаш будааст ва аз дидани ҳодиса тарсида бемор шудааст. Аз садама 14 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то имрӯз Фирӯза ранҷи тарсу ваҳми бардоштаашро мекашад, зеро вақте садама рух дод, саргарми Фарида ва духтурдавию табобати ӯ шуда ба Фирӯза эътиборе надодаанд.
Сайиднисо мегӯяд:
-Рӯзи сахту сиёҳи ба сари ман омадаро ягон зани рӯи олам набинад. Тасаввур кунед бо ду кӯдак дар айни ҷавонӣ бева монда дар хонаи фақиронаву бешароити падару модарам зиндагӣ мекардам ва умед доштам, ки дар оянда ду фарзандам, духтар бошанд ҳам, даст ба кор шуда, болу парам мешаванд, вале ҳардуяшон аз пушти оилаи ҳоҷиҳо бадбахт шуданд.
Як пирамарди аз 65-сола боло Фаридаро дар синни 11-солагӣ бо мошин зада, сарманшаи ҳама бадбахтиҳои оилаи нодору ночори мо шуд. Ман ба суд ё ҷойи дигар шикоят накарда, танҳо талаб кардам, ки табобати духтараки беморамро ба зимма гирад, аммо дар аввал ваъда доду дар охир бо мо ҷанг кард, ки дигар қуввати табобати Фаридаро надоранд. Пул мул нест.
Аз одамони хайрхоҳ то барномаҳои ВАО
Сайиднисо азобҳои кашидаашро пурра ба хотир оварда наметавонад, зеро ғаму дарди 20-сола асабҳои ӯро тамоман хароб ва хаста кардаанд.
Сайиднисо мегӯяд:
-Бовар кунед, он қадар оҳ кашидаму дард дидам, ки агар ҳамаашро ба ёд орам, фишорам баланд шуда, пеши чашмонамро сиёҳ мешавад. Фаридаи беморро ронанда дигар табобат накард ва мани бевазану камбизоат маҷбур шудам, ки ба хотири фарзандам дарди шахсони хайрхоҳ, ташкилотҳои хайриявӣ ва барномаҳои телевизиониро кӯбам. Хайрият барномаи телевизионии “Ормон” дастгирӣ намуда, аз қутти хайриявӣ маблағҳои ҷамъшударо барои ҷарроҳии Фарида сарф кард. Ҳамин тавр духтараки нокомам бори 5-ум ҷарроҳӣ шуд, вале..
Болои сухта намакоб
Дар фосилаи ин ҳама даводав аз паси бемории Фарида Фирӯза дард мекашиду аҳамият намедодем. Кор то ба ҷое расид, ки Фирӯзаи бемор хотираашро гум кард. Акнун “Болои сухта намакоб гуфтагӣ” барин ин модари ранҷур дарду ранҷи як не, ду духтарро мекашид, вале ронандаи пире, ки Фаридаро бо мошин зада маъюб кард ва сабаби бемории хоҳарбузургаш шуд, дарашро дигар ба рӯйи Сайиднисо накушод.
Фарида 5 бор ҷарироҳӣ шуда, қибат бо пои маъюбу тани пуршикаст ба як ҷавони имконияташ маҳдуд соли гузашта оиладор шуд, аммо хоҳараш то имрӯз табобат мегираду ҳар як сомоние, ки Сайинисо аз нонфурӯшӣ меёбад барои пешбурди зиндагӣ ва табобати духтараш сарф мешавад. Бо вуҷуди ин Фирӯза комилаш шифо наёфт ва асорати дард тани наҳифи ӯро тарк накард.
Аз ҳама аламовараш он аст, ки ҳамсари пирамарде, ки Фаридаро бо мошин зада буд, ба зиёрати Ҳаҷ рафт. Бо ин амали худ вай аламҳои дили Сайиднисоро аз нав тоза кардааст.
Вақте ин модари аламкашида мепурсад, ки магар намешуд ҳамон маблағеро, ки барои Ҳаҷ сарф кардед, барои табобати духтарам сарф кунед, охир ӯ сип сиҳат буд ва шумо будед ки ӯро бо мошин зада якумра маъюб кардед. Пул нест гуфта табобати духтари маро ба охир нарасонидед, вале барои ба зиёрати хонаи худо рафтан пул доред, ҳамсари ронанда дар ҷавоб гуфтааст, ки ман бо пулҳои худам ба Ҳаҷ рафтам. Ман не, шавҳарам духтари шуморо бо мошин задааст!
Сайиднисо мепурсад: Магар мусалмонӣ ҳамин аст?! Оё ин ҳаҷравиҳо савобе дошта бошанд? Духтари аз сад гул як гулаш ношукуфтаи маро зада маъб карданд. Маро саргардони дари беморхонаҳо намуданд. Ҳадди ақал аз худо тарсида табобати Фаридаро то охир мерасониданд. Ҳоло Сайиднисо дар бозори Марказии “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд ба нонфурушӣ машғул аст ва бо даромади ночизе, ки ба даст меорад, зиндагияшро пеш мебарад. Бо ҳама дарду ранҷҳои кшидааш ин зан Худоро шукр мегӯяд, ки бо мушкилоти ба сараш омада мардона мубориза бурда, сабру тамкинро пеша намуд, аммо пирамардеро, ки духтари ӯро бо мошин зада, табобаташро ба охир нарасонд, ҳаргиз, дар ду дунё намебахшад.
Сайиднисо мегӯяд:
-Ҳаёти гул барин духтарамро сӯхта, сабабгори бемории ду фарзанди ман шуданд, аммо табобатро монда, худнамоӣ карда ба ҳаҷ рафтанд. Магар ин аст мусалмонӣ?!
Фарзона Муродӣ