Салом ба аҳли қалам ва кулли хонандагони сомонаи "Оила". Ман мухлиси сарояндаи хушовоз Фирӯза Ҳафизова ҳастам. Чанд рӯз қабл овозае шунидам, ки гӯё Фирӯза шавҳари сиёҳпӯст кардааст. Ростӣ, ин хабар маро сахт дар ҳайрат овард, ки наход чунин зани зебо насиби кадом як марди сиёҳпӯст гашта бошад? Мехостам ҳақиқати ин овозаро донам.
Парвина аз шаҳри Бохтар
Хоҳари азиз! Барои оне, ки сомонаи моро пайгирӣ мекунед, сипосгузорем. Дар мавриди саволи шумо гуфтанием, ки оид ба ин масъала худи Фирӯза Ҳафизова дар як сторисаш дар инстаграмм чунин гуфтааст:
”Дар Тоҷикистон бачаҳо кам ҳастанд, ки ман аз Дубай шавҳар мекунам? Ман танҳо як шухӣ кардам. Агар ба ман шавҳар лозим бошад Тоҷикистон пури шери нар аст. Дар Тоҷикистон шавҳар мекунам”.