Фирӯза Ҳафизова, собиқ раққоса ва овозхони 36-солаи тоҷик мегӯяд, ба шавҳар набаромадааст ва маъракаи тӯяш низ дурӯғ буд. Ӯ ин нуқтаро дар барномаи “IRON KING” зикр кардааст.
Хабари хонадор шудани овозхон ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд. “Аслан, ман шавҳар накардаам. Баъди таъмири хонаам ду-се дугонаамро даъват карда, маъракаи хонадароён ороста будам. Қабл аз Соли нав, ки буд, хостам бо ин роҳ худро пиар кунам. Як навори саломдиҳиамро дар Интернет гузоштаму хабар дарҳол паҳн шуд”,-шарҳ медиҳад овозхон. Фирӯза мегӯяд, баъди ин кор муносибати марди дӯстдоштааш бо ӯ андаке сард шудааст.
“Ҳар боре, ки ӯ таклифи хонадоршавӣ мекард, ман рад мекардам. Баъди ин корам хеле асабӣ шуд ва муносибаташ каме сард шудааст”. Овозхон мегӯяд, барои бори дигар оиладор шудан ҳоло омода нест ва агар хонадор шавад, саҳнаро тарк карда, ба тиҷорат рӯ меорад.
Фирӯза Ҳафизова соҳиби ду духтар мебошад, ки онҳо аз ду издивоҷи қаблияш ба дунё омадаву ҳоло дар тарбияи худаш ҳастанд.