Фирӯза Ҳафизова аз зумраи сарояндаҳои шинохтаи эстрадаи тоҷик мебошад, ки суруду оҳангҳои хосаи худро дорад. Чанд моҳ пеш дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии худ, дар бораи ноҳурматиҳои сарояндагони ҷавоне, ки нав рӯи саҳна омадаанд, изҳори норозигӣ карда буд.
Ӯ киро дар назар дошт, Ёсаминро ё каси дигарро? Айни ҳол Фирӯза шавҳар дорад ё не? Шарти Фирӯза ба хостгорҳояш ин аст, ки... Ба ин ва дигар саволҳо сароянда дар барномаи "Чаз баз”-и Рафаэл Гулов посух гуфт, ки фишурдаашро пешниҳоди шумо менамоем.
-Чуноне аз саҳифаи инстаграматон огаҳ ҳастем, шумо хӯрокҳои болаззатро дӯст медоред ва ҳам медонем, ки дар як рӯз метавонед ба се минтақаи кишвар сафар намоеду хӯрданиҳои гуногунро нӯши ҷон намоед. Хӯроки дӯстдоштаи махсус доред ё ҳамаи хӯрокҳоро дӯст медоред?
-Ман духтари ноздор (капризний) нестам. Ғизоҳои тоҷикона ба мисли шакароби пиёлагӣ, оши палави камравғанро беҳад меписандам. Дар табақи чӯбин хӯрдани хӯрок бароям кайфияти хоса мебахшад. Бо вуҷуди он ки ду табақи нав дар хонаам ҳаст, ҳамеша дар табақе, ки аз ду тараф лабаш шикаста аст ва тамъи хӯрокро болаззаттар мегардонад, дар ҳамон хӯрок мехӯрам.
-Аз суҳбатҳои онлайнии шумо дар саҳифаатон мебинем, ки ҳар чизе шуморо нороҳат мекунад ё хафа мекунад, ҳамон замон дар саҳифаи худ мегӯед...
-Ман одами “здесь и сейчас” ҳастам. Ҳарчӣ ҳаст, ҳамон замон дар рӯи одам ва дар ҷояш гапамро мегӯям ва аз қафо мисли баъзеҳо хиёнат намекунам. Фардо агар бо ҳамон шахс гап ҳам назанам ҳам, нисабаташ кина надорам. Баъзе санъаткоронро дидам, ки дар рӯям худашонро хоксор мегиранду маро бӯса мекунанд, баъд фаҳмидам, ки аз қафои ман чӣ корҳое мекардаанд. Фикр мекунам, ин “минус”-и ҳамон одамро нишон медиҳад.
-Чанд моҳ пеш шумо дар “сториз”-и худ нисбати як сароянда гап зада гуфтед, ки “нимча сарояндаҳо пайдо шуданду беҳурматӣ мекунанд, худашонро кӣ мегиранд, ки саломалек намекунанд”, аммо касеро ном нагирифтед. Чун ман дар олами шоу-бизнес ҳастам, фаҳмидам, ки гап дар бораи Ёсамин Давлатова, сарояндаи ҷавоне меравад, ки чанд моҳи охир дар эстрада шинохта шудааст. Рафтори он кас ба шумо писанд наомад ё дар бораи дигар сароянда гуфтед?
-Ман дар он видео номи ягон касро нагирифтам. Баъзеҳо аксҳои Ёсаминро дар сабти ман тавре монтаж кардаанд, ки гӯё ман Ёсаминро дар назар дошта бошам ва видеоро паҳн карданд. Ёсамин як рӯз аз назди ман гузашт, шояд маро надид, мегӯянд, ки биноишаш паст аст. Ману Ёсамин дар инстаграм дӯст ҳастем, дар аксҳои якдигар лайк мегузорем. Ҳамон духтар ба ман хеле писанд аст. Бисёр овози хуб дорад, овозаш ба Манижа Давлатова монанд аст. Ба ҷавонҳое, ки рӯи саҳна мебароянд, ҳамчун устоди кор, ҳамчун як нафари ду-се курта пеш пушидагӣ тавсия медиҳам, ки ба ҳамкасбони худ салом диҳанд. Салом додан эҳтироми худро нишон додан аст.
-Ба ман гуфтанд, ки дар чорабиние Ёсамин нишаста буд. Вақте Фирӯза аз дар медарояд, мехоҳад бо ӯ салом кунад, аммо Ёсамин рӯяшро мегардонад. Ҳамин тавр буд?
-Не, чунин набуд. Навбати ман барои рӯи саҳна баромадан наздик омада буду назди дар интизор будам. Ҳамин вақт Ёсамин омаду аз назди ман салом накарда гузашта рафт. Шояд маро надида бошад, ман ягон гапи зиёдатӣ гуфта наметавонам. Мақсади ман ҳамин аст, ки ҳавобаландӣ накунанд.
-Апаи Фирӯзаҷон, шумо дидаед, ки устод Ҷӯрабек Муродов чӣ гуна бо одамон муомила мекунанд? Фарқ надорад, ҷавон пир, кӯдак...
-Аҳсан ба он кас! Ҷӯрабек Муродов шахсиятест, ки маданияти хеле баланд дорад. Ҳамроҳашон дар маҳфилҳо нишастаам, зиёд эҳтиромам мекунанд. Бисёр инсони хоксор ва марди қавӣ ҳастанд, нисбати бонувон эҳтироми хос доранд. Барои ман бо он кас суҳбат кардан боиси ифтихор ва хеле роҳат аст.
-Бибиам мегуфтанд, ки олим шудан осон, одам шудан мушкил, ман ҳайрон мешудам, ки чаро чунин мегуфта бошанд. Охир, олим ҳамеша мехонад...
-Ин суханро ҳар рӯз мегӯям. Ман то синфи шашумӣ дар мактаб-интернати ноҳияи Вахш таҳсил кардаам. Баъд аз ин модарам маро аз он ҷо гирифт, хонашин шудам. Рақсро бисёр дӯст медоштам, мехостам дар мактаби рақс таҳсил кунам. Бо дастгирии як бародар, ки дар шаҳри Бохтар кор мекунад, ба назди Кимиё Ҷӯраева ба шаҳри Душанбе омадам. Вақте ба ансамбли рақсии “Зебо”омадам, Дилором Сатторова маро диду ба кор даъват кард. То соли 2007 дар ансамбл кор кардам, аз соли 2008 сарояндагиро оғоз кардам.
-Вақте суруди “Кист, кист ӯ?“ рӯи сабт баромад, ошиқи ҳамин суруд будам, ҳатто баъд аз дарсҳо аз дискфурӯш хоҳиш мекардем, ки як бор ҳамин сурудро гузорад то гӯш кунем. Чаро ҳамон репертуари сурудҳои шумо имрӯз қариб, ки аз байн рафтааст. Айни замон сурудҳои шуморо кӣ интихоб мекунад?
-Сурудҳоямро худам интихоб мекунам. Худам хостам, ки каме стили сурудхониамро иваз кунам. Вале бисёриҳо мехоҳанд, ки мисли пешина суруд хонам. Ба ҳамин хотир, суруди навамро бо сабки попурӣ чор қисм карда сароидам. Бигзор мардум донанд, ки ман ҳамон Фирӯза будам, ҳастам, мемонам.
-Айни ҳол Фирӯза Ҳафизова танҳо аст ё?
-Дар бораи шавҳар напурсед маро...
-Лаҳзаи аз ҳама мушкил барои Фирӯза Ҳафизова кадом сол буд?
-Чунин лаҳзаҳо дар зиндагӣ бисёр буд. Айни ҳол шукрона мекунам, ки маро як кас сохт. Он ҳам Худо аст, ки аз ман як одами қавӣ, бисёр як одами софдил, як ҳунарманди хуб кард. Аз дасту панҷаи худам миннатдорам, ки дар як кишвари ободу ором соҳиби ҳама чиз шудам. Намехоҳам аз он рӯзҳои вазнин ёдовар шавам, чунки “Бар сари фарзанди одам ҳарчӣ ояд, бигзарад.”
-Продюсер доред?
-Агар гӯям, ки продюсер надорам, хато мекунам. Бар замми ин, бо Зеваров кор мекунам. Дар бисёр корҳоям кумак мекунад.
-Дар бораи шавҳар чизе нагуфтед...
-Боз сар кардед... Ростӣ, дилам мондааст. Вале агар марди безанро хоҳам, хостгорҳо бисёр аст. Агар марде пайдо шавад, ки ягон риштаи соҳибкориро кушода диҳаду гӯяд, ки сарояндагиро бас кун, ман ба ин пешниҳод омодаам. Ҳаёт бе мард аҷиб нест. Мард набошад, муҳаббати зиндагӣ ва эҳсосот гум мешавад. Мард бояд бо зан бошаду зан бо мард бошад.
-Фирӯза Ҳафизова ду духтар дорад, нақша надорад, ки як бачаи дигар таваллуд кунад?
-Не, бас аст. Дар ин солу замон дутоаш кифоя аст.
Омодасоз М. Давлат