Ё чӣ тавр Маҳина аз дин баргашту ба бало печид?
(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта.)
Мая-таджичка
Дар маҳбас ӯро Маҳина неву Мая ном мебурданд. “Мая-таджичка” мегуфтанд. Маҳина дар ин маҳбас худро зӯру нотарс вонамуд карда, дар лаҳзаҳои талху ноҳақӣ занони дигарро тарафдорӣ мекард. Нисфи занҳои маҳбас ӯро дӯст дошта, эҳтиромаш мекарданд. Нисфи дигари занҳои маҳбас, ки аз ҳисоби дуздону нашъамандон буданд, ӯро чашми дидан накарда доимо пайти муносиб меёфтанд, ки ба Маҳина зараре расонанд.
Сарнавишти Зоя
Як зани озарӣ, ки бо гуноҳи кӯдакашро фурӯхтан маҳбасӣ шуда буд, аз Маҳина зорӣ мекард, ки ӯро зери қаноташ бигирад. Чунки дар маҳбаси занона занҳои бо ҷинояти кӯдаккушӣ ё кӯдакфурӯшӣ дастгиршударо сахт азоб дода, одами аз ҳама пасттарин ҳисоб мекарданд. Аз рӯзи аввали зиндагиаш дар маҳбас чунин занҳо ғулому батрак буданд. Зояро дигар занҳои маҳбас таҳқиру азоб дода, лату кӯбаш мекарданд, хӯрокашро чаппа намуда, ба бистари хобаш ҳар гуна ифлосиҳо мепартофтанд. Зоя ҳатто ба худкушӣ розӣ буд. Вале дили ягон нафар зан ба ӯ намесӯхт. Маҳбас қонунҳои нонавиштаи худро дошт. Ва ин қонунро Маҳина вайрон карда наметавонист. Зоя дар муҳоҷират аз як нафар муҳоҷири украинӣ ҳомиладор мешаваду ин ҷавон гурехта, ба ватанаш меравад. Зоя ноилоҷ баъди тавлиди тифл ӯро ба як зани далла ба ивази 500 долллар мефурӯшад. Аммо кормандони полис ӯро зуд дастгир карда, ба муддати 4 сол маҳбас мекунанд.Маҳина мехост, ки ӯро аз чанголи занҳои дигар халос кунад, аммо дид, ки тамоми занҳо бар зидди ӯ шӯриш бардоштанд, аз ӯро ҳимоя кардан даст кашид. Шабе Зояро дар бистари хобаш мурда дарёфтанд. Аммо касе сири куштори ӯро напурсиду суроғ ҳам накард.
Тақдири духтари беҷогард
Маҳина баъди марги Зоя чанд рӯз ба худ наомад. Духтари бероҳагардаш ба ёдаш омаду зор-зор гирист. Куҷо бошад ин духтари гумроҳи ман? Духтари Маҳина баъди думи марди зандору пирро гирифта рафтан муддати ду моҳ дар хонаи иҷораи ин мард зиндагӣ кард. Сипас, баъди тавлиди тифли мурдааш мард ӯро зада-зада аз дар берун кард. Низора ноилоҷ роҳ суйи хонаи иҷораи мезистагии модар гирифт.
Аммо соҳиби хона ӯро аз дар пеш карда гуфт, ки модарат ба Русия сафар карда, он ҷо бо маводи мухаддир дастгир шудааст ва ҳоло дар маҳбас аст. Низора боз рӯ ба фоҳишагӣ оварда, рӯзашро гузаронидан гирифт. Аммо шабе дар таҳхона аз хунукиву барзиёд истеъмол кардани шароб дилаш тоб наоварда, ҳамон ҷо ба ҳалокат мерасад. Ҷасади пӯсидаи ӯро сокинони бинои истиқоматӣ баъди ду ҳафта дарёфт карданду ба кормандони полис занг заданд. Ҷасадро барои ташхис ба морг бурданд. Муддати зиёде гузашту ягон соҳибдараки ӯ пайдо нагардид, бинобар ин, ҷасадашро дар гӯристони бесоҳибҳо ба хок супориданд.
Маҳбаси нав
Шабе қалбаш сахт дард карда, якбора бедор шуд. Болои сараш чор нафар занҳои маҳбас истода, бо болишт рӯйи ӯро зер карда, Маҳинаро куштанӣ буданд. Ӯ бо тамоми овозаш дод зада, посбони зиндонро ба ёрӣ хонд. Посбон дарро кушоду занҳо гурехтанд. Баъди ин воқеа Маҳина худро ба девонагӣ зада, доимо мегуфт, ки ё маро аз ин маҳбас ба дигар ҷо баред ва ё ман худро мекушам. Худи ҳамон сол аз сабаби зиёд шудани занҳои ҷинояткор дар Русия ин маҳбасро ба ду қисм тақсим карданду як қисми занхоро ба маҳбаси нави «Матроский» бурданд. Маҳина ҳам қатори дигар занҳо ба он кӯчонида шуд.
Зери қаноти Камила
Маҳбаси «Матроский» ду шӯъба дошт, шӯъбаи занона ва шӯъбаи мардона. Мардҳо ба воситаи турбаҳо садо карда, занҳоро ба мулоқот даъват мекарданд. Дар ин маҳбас барои онҳо бемалол маводи мухадирро мефурӯхтанд. Маҳина ин кори занҳоро дида гуфт, ки агар доду гирифтро бас накунанд, ба роҳбарият ин қочоқбарии онҳоро мерасонад. Аммо зани доғистонӣ Камила ӯро як муште фароварду ба гарданаш кордро бурда гуфт, ки агар сухане бигӯӣ, саратро мисли гов мебурам. Камила дар маҳбас одамони махсуси худро дошт. Маҳина хомӯширо авлотар дониста, дигар ба касе кордор нашуд. Камила боре гуфт, ки агар дӯсти ман шудан хоҳӣ, аз гапи ман намебароӣ. Маҳина розӣ шуд. Акнун Камила бо Маҳина дугона шуда, ягон розашро аз ӯ пинҳон намедошт. Боре Маҳина аз ӯ зориву илтиҷо кард, ки барои раҳоиаш аз маҳбас кӯмак намояд.
-Чӣ ту мехоҳӣ, ки аз маҳбас гурезӣ?
-Бале, дигар тоқати ин ҷо истодан надорам. Дар бисотам як духтар доштам. Ҳоло намедонам, ки ӯ зинда аст ё мурда. Агар ин ҷо боз истам, мемирам. Ман шунидам, ки ту роҳҳои гурехтанро медонӣ. Илтимос.
-Ман ёрдамат мекунам, аммо агар ба даст афтӣ, ин дафъа якумра туро маҳбас мекунанд. Беҳтараш тоқат кун, ду солаки дигарат монд. Ман туро восита мешаваму ба ҳайси ошпаз ба ошхонаи маҳбас мегузаронам. Розиӣ?
-Албатта, -Маҳина хурсандона Камиларо ба оғӯш кашида миннатдорӣ изҳор кард.
(Давом дарад)