Arzon march 2024
Фиғони зани зиндонӣ Қисми 2
19.07.2022
ОИЛА
2466

Пушти панҷара

Маҳина хонаи иҷораро ба соҳибаш супурду аз дугонахояш илтиҷо кард, ки духтари гумшудаашро агар бубинанд, суроғаашро бигиранд. Ӯ аз Русия хатман занг мезанад. Вақти рафтан китобҳои дини масеҳиашро низ бо худ гирифт. Аз фурудгоҳи ҳавоии ватан хуб гузашту аммо дар фурудгоҳи ҳавоии Домодедово зуд ба даст афтод. Аммо Назар дар як зум аз гумрук гузашту ба ӯ хатто нимнигоҳе накарда, баромада рафт. Дар дохили ташноби фурудгоҳ аз ӯ кормандони полис ва гумрук хоҳиш карданд, ки аз меъдааш лундачаҳоро холӣ кунад.

Маҳина гирякунон онҳоро ба воситаи қай кардан аз меъдааш берун кард. 13 лундачаро кормандони полису гумрук кушода, ба ӯ гуфтанд, ки «мо шуморо ҳабс мекунем, чунки бо маводи мухаддир дастгир шудед».

-Инҳо аз они Назаранд,-дод мезад Маҳина.

Вале ин ҳама фиғону нолаи ӯро ғайр аз худаш касе намешунид...

Хизматгори шефзанҳои маҳбас

Маҳинаро баъди ҳукми суд ба маҳбаси Владимирский интиқол доданд. Рӯзи нахустини маҳбас барояш сахттарин буд. Мӯйи бе ин ҳам кӯтоҳкардаашро як зани маҳбасӣ омада, дошту бо теғ маҷбурӣ тарошид. Гуфт, ки ман шефи ҳамаи занҳои ин маҳбасам ва ту зердасти ман мешавӣ. Маҳина аввалҳо аз ин зани бадбашараи бузургҷусса сахт метарсид. Чизе ки фармон диҳад, иҷро мекард. Ҳатто боре то субҳ пойҳои ӯро молида масҳ кард. Як зани армании дигар, ки солҳои сол бо ҷурми одамкушӣ дар зиндон буд, зани фармонбардорро дида, ба наздаш омада гуфт, ки аз ин пас ту хизматгори манӣ. Маҳина якбора ба ғазаб омада гуфт, ки ҳаргиз. Зани арманӣ аз биқини дастони ӯ сахт дошту якбора дасташро тоб дод. Маҳина беҳушу беёд ба замин афтод. Вақте ки ба худ омад, дар беморхонаи маҳбас хоб буд.

 

«Черный лебед»

Маҳина баъди сиҳат шудан ба номи сардори маҳбас ариза навишт, ки ин ҷо ӯро сахт азоб медиҳанд, ба дигар маҳбас интиқол диҳандаш. Сардори маҳбас дар дилаш хандида, ӯро ба маҳбаси режимаш сахттар, маҳбаси «Турнаи сиёҳ», ки дар шаҳри Маскав бо номи «Черный лебед» машҳур аст, гузариш кард. Маҳина ҳанӯз намедонист, ки ба дӯзах афтидааст. Дар ин маҳбас ҳам шароиташ бад буду ҳам ҷинояткорони хавфноктарин зиндагӣ мекарданд. Маҳина аз як зани русе, ки чашмаш олус буду доимо баланд-баланд гап мезад, сахт меҳаросид. Ин зан Евгения ном дошту бо гуноҳи шавҳарашро бо табар пора кардан ҳабс шуда буд. Евгения дар муддати 7 соли дар маҳбас буданаш бо тамоми кормандони расмии маҳбас дӯст шуда, чӣ коре ки дилаш мехост, мекард. Доимо такрор ба такрор ба занҳои навомада мегуфт, ки «ин ҷо шаҳри дигар аст ва шаҳри маҳбусон ном дорад. Дар ин ҷо қонун барои ҳама як аст, касе, ки аз гапи ман мебарояд, забонашро канда, пеши сагҳо мепартоям». Маҳина роҳи созишро бо ӯ меҷуст.

 Ғазаби зани ҳамҷинсгаро

Евгения як одати бади дигар дар маҳбас пайдо карда буд. Ин зан ба занҳо маҳбубияти бештаре дошт. Аз ин одати ҳамсараш шавҳараш хабардор шуда, бо ӯ ҷанҷол бардошту сари қаҳру ғазаб Евгения шавҳарашро бо табар зада, реза-реза кард. Евгения дар маҳбас маҳбубае дошт бо номи Аслия. Аслия аз Қазоқистон буду бо гуноҳи дуздӣ ба даст афтода буд. Аслия ҷавонзани қадбаланди ситорагарм буду диққати ҳар бинандаро ба худ мекашид. Евгения дар кунҷаки маҳбас хоначае карда, парда пӯшонида буду бо ин ҷавонзан мисли зану шавҳар зиндагӣ мекарданд. Қиссаи ҳамҷинсбозии онҳо ба ҳамаи маҳбасиён маълум буд. Евгения агар бубинад, ки касе Аслияро озор медиҳад, мисли шери жаён ба ин шахс дарафтода, қариб ки ӯро пора-пора мекард. Маҳина боре бо Аслия барои шёткаи дандоншуйӣ ҷанг шуду Евгения ин ҳолатро дида, давида омаду аз гӯши Маҳина қапида, чунон ба сараш бо мушт сахт зад, ки Маҳина боз ба бемористон афтид...

 Рӯ ба тоату ибодат

Дар ин ҷо ҳам ӯ доду вой карда, қариб бист бор ариза навишт, ки ба дигар маҳбас интиқол шавад. Оқибат маъмурияти маҳбас қарор баровард, ки Маҳина ба маҳбаси «Крест» гузаронида шавад. Маҳбаси «Крест» дар ҷануби шаҳри Маскав воқеъ буда, асосан маҳбаси занона ба шумор меравад. Маҳина акнун нотарсу айёр шуда, кӯшиш мекард, ки худро ба даст гирифта, аз таҳдиду таҳқири занҳои дигари маҳбасӣ натарсад. Зиндагии маҳбасӣ ӯро дигаргун карда, ба тамоми азобу машаққатҳои он тоб меовардагӣ шуда буд. Дар маҳбас ӯ боз рӯ ба намоз оварда, ҳар навбат дар намозҳояш аз Худо дуо мекард, ки ӯро барои замоне аз дини ислом рӯ гардонданаш бубахшад.

“Шояд рӯ ба дини масеҳӣ оварданам сабаб шуд, ки ман ин қадар ба нобарориву бадбахтиҳо дучор шудам”, - андеша мекард Маҳина.

 (Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД