“Суғдсинамо” қасд дорад филмҳояшро дар деҳаҳои дурдаст дар фазои кушод ва ройгон ба намоиш гузорад.
Ба гуфтаи Осими Орифпур, директори “Суғдсинамо”, лоиҳаи нави “Суғдсинамо” “Рушди соҳаи синамо ва ҷалби ҷомеа ба он” ном дошта, тибқи он минбаъд филмҳои миллӣ, аз ҷумла филмҳои худи "Суғдсинамо" дар деҳаҳои дурдаст, дар фазои кушод ва ройгон намоиш дода мешаванд.
Осими Орифпур гуфт, ки дар доираи ин лоиҳа ҳамчунин ба завқмандони олами синамо навиштани сенария, кори коргардонӣ ва муаррифии сенарияҳои филм омӯзонида мешавад, ки давраи якуми он аллакай гузашт ва давраи дувум аз моҳи октябр оғоз мешавад.
"Ҳамчунин, дар доираи ин лоиҳа “Киноклуб” ташкил карда мешавад, ки ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба соҳаи синамо, сохтани як фазои фарҳангӣ барои соҳаи синамо мебошад",- гуфт Осими Орифпур ва зикр кард, ки "Киноклуб" минбаъд дар як моҳ ду маротиба доир шуда, дар он филмҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда, атрофи бурду бохти он муҳокима низ сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов” соли 2015 таъсис ёфтааст. Филмҳои “Коса”, “12 соли интизорӣ”, “Духтари Сайҳун”, “Соҳибватан” “Тангно” ва “Сайёра ранг иваз мекунад” аз филмҳои маъруфи ин муассиса ҳастанд.