“Филлер” чӣ зарар дорад?
15.02.2026
Oila.tj
71

Имрӯзҳо контурпластика - ислоҳи зоҳир бо роҳи гузоштани филлерҳо хеле маъмул шудааст. Косметологҳо бо истифода аз кислотаи гиалуронӣ ва дигар мавод кӯшиш мекунанд, ки камбудиҳои зоҳириро ислоҳ намоянд: чинҳоро ҳамвор кунанд, ҳаҷм илова кунанд ё шакли чеҳраро зеботар созанд. Аммо на ҳама медонанд, ки баъзе мавзеъҳои рӯй барои чунин амалиёт ниҳоят хатарноканд. Дар бораи ин ҷойҳои “манъшуда” ҷарроҳи пластикӣ Сергей Карпович ҳушдор медиҳад.

Филлерҳо яке аз усулҳои маъмули ислоҳи эстетикӣ ба ҳисоб мераванд. Баъзе косметологҳо ҳатто онҳоро ҳамчун ивазкунандаи пурраи ҷарроҳии пластикӣ муаррифӣ мекунанд. Дар назари аввал, чунин равиш осон ва безарар менамояд. Аммо дар асл, агар филлер ба ҷойи нодуруст гузошта шавад, метавонад ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонад.

Ин ботокс нест

Бисёриҳо ботокс ва филлерро омехта мекунанд, дар ҳоле ки ин ду усул тамоман фарқ доранд. Ботокс бештар барои ҳолатҳое мувофиқ аст, ки пӯст ҳанӯз қобилияти барқароршавӣ дорад ва чинҳо танҳо дар марҳилаи аввал мебошанд. Он мушакҳоро муваққатан ором мекунад ва намегузорад, ки чинҳо амиқ шаванд. Аммо агар дар рӯй аллакай чинҳои чуқур пайдо шуда бошанд, ботокс дигар кумак намекунад. Дар чунин ҳолат, филлерҳо, мезотерапия ва дигар равишҳо истифода мешаванд. Бо вуҷуди ин, таъсири ҳамаи онҳо муваққатист. Танҳо ҷарроҳии пластикӣ метавонад натиҷаи дарозмуддат диҳад.

Филлерҳо барои чӣ лозиманд?

Филлерҳоро ба он минтақаҳои рӯй мегузоранд, ки ҳаҷм надоранд ё бо гузашти солҳо онро аз даст додаанд. Масалан, дар қисми миёнаи рӯй, ки бо синну сол фурӯ меравад. Бо филлерҳо косметологҳо кӯшиш мекунанд таровати пӯстро баргардонанд. Ҳамчунин онҳо барои пур кардани чинҳо, хатҳои лабу бинӣ, зиёд кардани ҳаҷми лабҳо, бардоштани рухсора ва ислоҳи манаҳ истифода мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо филлерҳоро зери чашм ҳам мегузоранд, то холигӣ ва сиёҳшавии пӯстро пинҳон кунанд.

Дар бораи паёмадҳо фикр кунед

Гарчанде филлерҳо роҳи осон ба назар расанд, ҷарроҳони пластикӣ ба онҳо бо эҳтиёт муносибат мекунанд. Сабаб дар он аст, ки пас аз солҳои зиёд истифода бурдани филлерҳо дар зери пӯст доғҳои майдаи дохилӣ пайдо мешаванд. Ин доғҳо боис мегарданд, ки бофтаҳо ба ҳам часпида, сахт шаванд. Дар натиҷа, агар шахс баъдан ҷарроҳӣ кардан хоҳад, амалиёт душвортар, тӯлонитар ва камсамартар мегардад.

Минтақаҳое, ки филлер гузоштан хатарнок аст

Сергей Карпович таъкид мекунад, ки худи контурпластика бад нест, аммо ҷойҳои муайяне ҳастанд, ки гузоштани филлер дар онҳо бисёр хатарнок аст. Пеш аз ҳама, ин бинӣ мебошад. Ислоҳи шакли бинӣ бо филлер - масалан, бартараф кардани каҷӣ ё ноҳамворӣ метавонад боиси осеби рагҳо гардад. Дар бинӣ рагҳои хун бисёр буда, хатари басташавии онҳо вуҷуд дорад.

Агар ҳангоми тазриқ модда ба раг ворид шавад, бофта метавонад аз кор барояд. Дар ҳолати ворид шудани филлер ба раги марказии чашм ҳатто метавонад дар чанд дақиқа боиси кӯршавии доимӣ гардад.

Аз минтақаҳои аз ҳама осебпазир инчунин байни абрӯ ва бинӣ номбар карда мешавад. Дар ин ҷо даҳҳо раг ҷойгир аст. Хатои хурд метавонад ба сиёҳшавӣ ва аз байн рафтани пӯст оварда расонад, ки баъдан танҳо бо ҷарроҳӣ ислоҳ мешавад.

Минтақаи гирди чашм низ ниҳоят ҳассос аст. Пӯст дар ин ҷо хеле борик буда, рагҳо ба сатҳ наздиканд. Ҳатто миқдори ками филлер метавонад ба осеби пилк ё мушкилоти биноӣ оварда расонад.

Қисми марказии пешонӣ низ минтақаи хатарнок ба шумор меравад. Дар ҳолатҳои хеле нодир, агар филлер ба рагҳои марбут ба мағзи сар ворид шавад, метавонад ҳатто сабаби сактаи мағзӣ гардад.

Чӣ гуна хавфро кам кунем

Ба гуфтаи мутахассис, хавфро метавон коҳиш дод, агар танҳо ба мутахассисони ботаҷриба муроҷиат кард. Косметологи касбӣ аз асбобҳои махсус истифода мебарад, пеш аз тазриқ ҷойгиршавии онҳоро месанҷад ва сохтори рагҳои рӯйро хуб медонад. Ба беморон тавсия дода мешавад, ки пешакӣ савол диҳанд: дар бораи хатарҳо, усули кор ва имкони бартараф кардани оқибатҳои номатлуб. Мутахассис ҳамеша омода аст ба ҳамаи саволҳо ҷавоб диҳад. Агар аз чунин суҳбат гурезад, беҳтараш аз хизматаш даст кашид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД