goodwell
Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ дар Тоҷикистон
11.08.2026
Oila.tj
24

Аз 17 то 20-уми сентябри соли равон дар Сирки давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Дунёи сирк - пайвандгари қалбҳо» нахустин маротиба Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Сирки давлатӣ, фестивал бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳунармандони 14 давлати дунё доир мегардад. Ҳадафаи баргузории фестивал таблиғи санъати сирк, мусоидат ба мубодилаи таҷриба байни мутахассисон ва тақвияти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки фестивал бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Дар он иштироки ҳунармандон ва рассомони боистеъдод аз саросари ҷаҳон ва пешниҳоди барномаҳои ҷолиби сиркӣ дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД