arzon replenishment
Фестивали ҳунарҳои мардумии Шарқ ва Ғарб дар Душанбе
371

Дар Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиёӣ дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гашт.

Дар фестивал намояндагони ёздаҳ давлати дунё ва ҳунармандони мардумӣ аз тамоми гӯшаю канорҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида, намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумиро, ки бо ҳунари дастӣ сохта шудаанд, ба маърази тамошо гузоштанд.

Ҳунармандон офаридаҳои худро ба меҳмонони олиқадр ва иштирокчиёни фестивал муаррифӣ намуда, оид ба таърихи пайдоиш, тарзи таҳия ва аҳамияти ҳунарҳои волои дастӣ гуфтанд. Таъкид шуд, ки дар ворид гаштани ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик, аз қабили ҷашни Сада, «Тазҳиб-санъати зарҳалкорӣ» ва ҳунари атласу адрасбофӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии башарият президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши беандоза доранд.

Иштирокчиён ва меҳмонони Фестивали байналмилалии “Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиёӣ дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» бо дипломҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.Дар ин бора “Ховар” хабар додааст. “Дар охир ҳунармандони тоҷик бо пешниҳоди барномаи зебои фарҳангӣ табъи меҳмонону иштирокчиёни фестивалро болида гардонданд”-менависад манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД