Дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва омӯгорони донишкада коллексияҳои беҳтарин либосҳои занонаро муаррифӣ намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг, дар фестивал-намоиш роҳбарияти вазорат, ректори донишкада, инчунин меҳмонон аз Донишгоҳи давлатии технологияи саноатӣ ва дизайни шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, ки фестивал-намоиши мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таблиғ ва татбиқи неруи эҷодии ҷавонон дар самти санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуда, як навъ имтиҳонест, ки дар он тайи як соли охир донишҷӯёни ихтисосҳои дизайни костюм ва газвор, яъне мутахассисони ояндаи соҳаи дизайн ва мӯд маҳсули эҷодии худро ба устодону меҳмонон ва ҳаводорони олами зебоӣ ва эҷод пешкаш мекунанд ва воситаест барои тарғиби зебоӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эстетикӣ, худогоҳӣ ва дӯстдории анъанаҳои миллӣ.
Дар охири чорабинӣ иштирокчиёни фестивал барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди беҳтарин коллексияҳои эҷоднамудаашон аз ҷониби раёсати донишкада ва Вазорати фарҳанг бо диплому ифтихорнома ва сипосномаҳо сарафроз гардонида шуданд,- меафзояд манбаъ.