Имрӯз дар Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид.
Дар фестивали байналмилалӣ театрҳои касбии лӯхтаки Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон дар ҳайати 40 нафар иштирок доранд.
Ҳадафи аслии фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
Бори ҳафтум аст, ки лӯхтакронони миллатҳои мухталиф дар кишвари офтобрӯяи мо қадам ранҷа мекнанд. Ҷашнвораи ҷаҳонии мазкур сар аз соли 2007 то ба ин замон арзи вуҷуд дошта, имсол дар ин чорабинии бонуфузи фарҳангӣ, ҳунарпешаҳои театрҳои лӯхтаки кишварҳои Қазоқистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Бӯстону Бохтар ва Душанбеи Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Бояд гуфт, ки фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак баҳри рушду тақвияти риштаи дӯстӣ миёни кишварҳои қора мусоидат мекунад. Бо сабаби бемории Ковид-2019 баргузории ин фестивал мавқуф монда буд.