Дар баробари забон, фарҳанг ва таърихи миллат, либоси миллӣ низ яке аз рукнҳои асосии шинохти ҳар як қавму миллат ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади тарбияи ҳисси зебопарастии ҷавонон ва тарғибу ташвиқи либоси миллӣ моҳи июни соли равон дар вилояти Суғд фестивали «Атласу адрас» баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур тарғиби либоси миллӣ дар байни насли ҷавон, хоса занону духтарон ва густариши раванди истеҳсоли матоъ ва либосҳои рангоранги миллии тоҷикона мебошад. Тавре ки АМИТ «Ховар» дар такяба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст, фестивали «Атласу адрас» дар ду давр доир гашта, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ гузаронида мешавад. Даври дуюм дар маркази вилоят баргузор гашта, дар он ғолибони даври аввал, ҳунармандони халқӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ, саноатию истеҳсолӣ, марказҳои омӯзишӣ ва рассомону тарроҳон иштирок хоҳанд кард.
Ғолиби фестивал соҳиби шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии «Атласу адрас» ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ мегардад. Ба ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Беҳтарин либоси кӯдакона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона», «Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ» мутаносибан 4000 сомонӣ, 3000 сомонӣ ва 2500 сомонӣ ҷоиза дода мешавад.