goodwell
Федератсияи футболи Миср ба ФИФА шикоят кард
09.07.2026
Oila.tj
198

Пас аз шикасти мунтахаби Миср аз Аргентина бо ҳисоби 2:3 дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, Федератсияи футболи Миср нисбат ба ҳакамии ин бозӣ - Франсуа Летексйеи фаронсавӣ ба ФИФА шикояти расмӣ ирсол кардааст.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ин вохӯрӣ, ки рӯзи 7-уми июл дар “Мерседес-Бенс Стэдиум”-и шаҳри Атлантаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, аргентиниҳо тавонистанд аз ҳисоби 0:2 баргашта, дар дақиқаҳои охир ғалабаро бо ҳисоби 3:2 ба даст оранд.

Пас аз бозӣ чанде аз бозигарони мунтахаби Миср ва инчунин сармураббии даста Ҳусом Ҳасан аз ҳакамӣ изҳори норозигӣ карда, довариро шадидан интиқод намудаанд.

Баъдтар маълум шуд, ки президенти Федератсияи футболи Миср Ҳонӣ Абу Рида нисбат ба довари фаронсавӣ Франсуа Летексйе ва ҳайати доварони ӯ ба ФИФА шикояти расмӣ пешниҳод кардааст. Дар ин бора нашрияҳои бонуфузи Diario AS ва Globo хабар додаанд.

Дар шикоят на танҳо шарҳи қарорҳои доварон талаб шудааст, балки Федератсияи футболи Миср аз ФИФА хостааст, ки қарорҳои баҳсбарангези зидди мунтахаби Мисрро мавриди таҳқиқ қарор диҳад.

Ҳамчунин, федератсия талаб кардааст, ки Франсуа Летексйе ва ҳайати доварони ӯ аз ҳакамии бозиҳои боқимондаи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 канор гузошта шаванд. Ба андешаи ҷониби Миср, иштибоҳҳои ҳакамон дар натиҷаи ниҳоии бозӣ таъсири ҳалкунанда расонида, ба пирӯзии мунтахаби Аргентина мусоидат кардааст.

То кунун ФИФА нисбат ба ин шикояти расмии Федератсияи футболи Миср изҳороти расмӣ нашр накардааст.

Бо ин пирӯзӣ, қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон тими мунтахаби Аргентина ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва акнун бо мунтахаби Швейтсария барои роҳхат ба марҳилаи нимниҳоӣ рақобат хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД