Моҳи мубораки Зулҳиҷҷа ҳам фаро расид. Аз назари дини мубини Ислом ин моҳ яке аз пурфазлтарин ба ҳисоб рафта, Худованд дар ин моҳ аҷру савоби зиёдеро барои бандагонаш насиб мегардонад.
Дар бобати фазилатҳои ин моҳ бо сархатиби масҷиди ҷомеи "Ҳазрати Шоҳ"-и шаҳри Истаравшан Абдушукурхон Тӯраев хабарнигорамон сӯҳбат орост, ки фишурдаи он манзури хонандагони сомонаи "Оила" мегардад.
- Домуллои азиз, сараввал мегуфтед, ки Зулҳиҷҷа чӣ маъно дорад ва чаро маҳз даҳҳаи аввали он мақому манзалати зиёд дорад?
- Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон. Ҳамду санои беадад ба Парвардигори оламиён ва дуруду раҳмати Худованд ба ҳазрати расулаш Муҳаммад (с). Мафҳуми "Зулҳиҷҷа" маънои "соҳиби Ҳаҷ будан"-ро ифода мекунад. Яъне, моҳе, ки дорои ҳаҷ аст ва ҳаҷ кардан дар ин моҳ машрӯъ аст. Ҳаҷ намудан дар ин моҳ дар замони ҳамаи пайғамбарон вуҷуд дошт ва дар замони пайғомбари мо Муҳаммад (с.в.с.) аз нав эҳё шуд. Як ибодат ё амали бузурге, ки дар кадом замон ё кадом макон ҷой дошта бошад, он замону макон аз ҳамон амали бузург ба худ фазл касб мекунад. Ҳаҷ, ки дар ин моҳ ҷой дорад, пас, ин моҳ фазилати бузург дорад. Расули акрам (с.) мефармоянд "Маҳбубтарини амалҳо назди Худованд он аст, ки дар ин даҳ рӯз карда шавад. Афзалтарин, маҳбубтарин ва бузургтарин амалҳое, ки карда мешаванд ва писанди даргоҳи Худованд мешаванд, дар ҳамин даҳ рӯз аст".
- Каме дар боби фазилатҳои ин моҳ ҳарф мезадед.
- Расули Худо (с) дар ҷойи дигар мефармоянд. "Ҳар як амале, ки дар ин даҳ рӯз карда мешавад, ҳафтсад маротиба зиёд аст аз амалҳое, ки дар дигар рӯзҳо карда мешаванд." Ин як фазилати бузурги ин даҳҳа аст. Дар бораи фазилатҳои даҳҳаи аввали ин моҳ ривояту ҳадисҳои зиёд мавҷуданд, ки баёнгари фазилатҳои ин моҳи мубораканд. Аз ҷумла, аз Ибни Умар (р) ривоятаст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳеҷ айёме нест, ки амали солеҳ дар он маҳбубтар аз ин айёми даҳгона (даҳҳаи аввали моҳи Зулҳиҷҷа) бошад. Пас, дар ин рўзҳо тасбеҳ (Субҳоналлоҳ) таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ), такбир (Аллоҳу Акбар) ва таҳмид (Алҳамдулиллоҳ) бисёр бигўед». Боз дар як ҳадиси шариф фармудаанд, ки баробар аст рӯзаи ҳар як рузи ин ба рӯзаи як сол. Яъне, як рӯз рӯза будан дар ин даҳҳа мисоли он аст, ки тамоми сол рӯза доштаед. Боз дар як ҳадиси дигар ки аз Анас ибни Молик ривоят шудааст, расули акрам (с) мефармоянд, ки "як рӯзи ин даҳҳа баробари ҳазор рӯзи дигар рӯзҳо аст. Ва рӯзи арафа бошад даҳ ҳазор рӯзи дигар вақтҳост". Яъне, ҳар як ибодат ва ҳар як кори хайр дар ин даҳҳа аҷру подоши ниҳоят зиёд дорад.
- Чаро даҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа бештар зикр шудааст?
- Аксари воқеаҳои таърихӣ ки дар олами Ислом шуда гузаштаанд, хосатан дар ҳамин даҳҳа рӯй додаанд. Масалан, қиссаи ҳазрати Иброҳим ва Исмоил, пас аз муддати тӯлонӣ ба ҳам расидани ҳазрати Одам ва Ҳавво, хуллас дар ҳар як рӯзи ҳамин аввали даҳҳаи Зулҳиҷҷа бисёр воқеаҳои таърихии бузург рӯй додаанд.
- Ғайр аз ибодатҳои шахсӣ, ки фазилатҳои инфиродӣ доранд, мардум боз кадом амалҳоро анҷом диҳанд, то савоби бештар ба даст оранд?
- Ягон амал баробари он нест, ки як банда бандаи дигарро дастгирӣ кунад, кӯмак намояд, ё тасаллӣ диҳад. Хуллас, аз дасташ ҳар нафъе, ки мерасад, анҷом диҳад, дар ин даҳа аҷру подоши боз ҳам бузург дорад. Боз амалҳое анҷом диҳад, ки нафъаш ба ҷамъият то дер мерасад. Мисол, таъмир кардани роҳ, баровардани об, сохтмони мактаб ва ғайра ҳам садақаи ҷория мешаванд ва ҳам аҷру подоши бузург доранд.
- Бо фаро расидани иди Қурбон ҳам рӯзҳои ба шумор боқӣ мондаанд. Албатта, на ҳар кас қудрати қурбонӣ кардан дорад. Ин нафарон бояд чӣ кор кунанд, ки аз савоби рӯзи Иди Қурбон баҳравар шаванд?
- Дар тафсири "Рӯҳ-ул-баён" ривоят мекунанд, ки рӯзе аз Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с.) пурсиданд, ки агар касе дарвеш бошаду қудрати қурбонӣ кардан надошта бошад, чӣ коре кунад, то савоби қурбониро ба даст орад? Дар ҷавоб расули Худо гуфтанд, ки чаҳор ракат намоз хонад. Дар ҳар ракат 1 маротиба сураи "Фотиҳа" ва 11 бор сураи "Кавсар"-ро хонад, Худованд барояш савоби 60 қурбонӣ диҳад.