Commerce bank may-june 2026
Фазилатҳои моҳи пурфайз
76

Инак яке аз беҳтарин рӯзҳои сол - Иди саиди Қурбон ҳам фаро мерасад. Албатта ҳар кас кӯшиш мекунад, ки дар ин рӯзи муборак ва пурфайзу футуҳ амалҳои нек анҷом дода, аҷру подоше бигирад. Доир ба ин рӯзи муборак ва моҳи пурфайз маълумоте ҷамъ овардем.

Пайдоиши қурбонӣ ва ҳикмати он

Пайдоиши иди Қурбон ва қурбонӣ кардан ба замони ҳазрати Иброҳим (а) рафта мерасад. Ҳазрати Иброҳим (а) аз зумраи паёмбарони бузурганд, ки чаҳор ҳазор сол пеш зуҳур кардаанд. Худованд ҳазрати Иброҳимро (а) хост бо фарзанди ягонааш Исмоил (а), ки дар замони пирияш ба дунё омада буд, имтиҳон кунад. Он вақт ҳазрати Исмоил (а) 12-13 сол доштанд. Ба ҳазрати Иброҳим (а) тавассути хоб чандин маротиба ваҳй омад, ки фарзандатро ба роҳи Худо қурбонӣ кун. Ҳазрати Иброҳим (а) фаҳмиданд, ки ин амре аз ҷониби Парвардигор аст ва фарзанди худро ба қурбонгоҳ бурданд. Албатта ин имтиҳоне буд аз ҷониби Худованд. Вақте ҳазрати Иброҳим (а) хостанд фарзандро қурбонӣ кунанд, Худованд ӯро аз он кор боздошт ва бар ивази Исмоил (а) барои қурбонӣ кардан аз биҳишт гӯсфанде фиристод. Ҳамин тавр қурбонӣ кардан аз ҳазрати Иброҳим суннат омада ва барои умматони ҳазрати Муҳаммад (с) воҷиб шуд.

Қурбонӣ бар кӣ воҷиб аст?

Мувофиқи шариат қурбонӣ барои нафароне воҷиб аст, ки молу дороии онҳо ба нисоби закот мерасад. Агар дороии шахс ба меъёри муайяншуда бирасад, ӯ бояд қурбонӣ кунад. Барои қурбонӣ гов, гӯсола, шутур, гӯсфанд ва буз забҳ карда мешавад. Гову гӯсола бояд дусола бошанд. Шутур панҷсола, гӯсфанду буз аз яксола боло. Гӯсфанду бузро танҳо як нафар метавонад қурбонӣ намояд. Гов ва шутурро бошад, метавонанд то ҳафт нафар дар якҷоягӣ қурбонӣ карда, баробар тақсим намоянд. Нияти ҳафт нафар бояд қурбат (наздик шудан ба Худо) бошад. Ҳатто агар нияти як нафар фақат гӯшт хӯрдан бошад, қурбонии ҳеҷ касе аз онҳо қабул намешавад. Бояд нияти ҳама як хел бошад. Худованд дар ояти 37-уми сураи Ҳаҷ мефармояд: «Гӯшти онҳо ва хуни онҳо ҳеч гоҳ ба Худо намерасад, вале тақвои шумо ба Ӯ мерасад».

Бояд таъкид кард, ки дар рӯзи Иди Қурбон натанҳо қурбонӣ кардан, балки тамоми амалҳои хайр, яъне некӣ кардан ба ятимон, бенавоён, бевазанон, маризон ва дигар афроди дармонда хайру савоб буда, Худованд бар ивази ҳар як амали нек ба бандааш аҷру подоши шоиста медиҳад. Ҳамзамон, таъмири роҳ, сохтмони мактаб ё баровардани об - ҳамаи ин аз ҷумлаи амалҳое ҳастанд, ки нафъи онҳо ба ҷомеа мерасад ва ҳамчун садақаи ҷория ҳисоб мешаванд.

Фазилати даҳаи аввали Зулҳиҷҷа

Даҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷа дар ислом мақоми хос доранд. Дар ҳадисҳо омадааст, ки маҳбубтарин амалҳо назди Худованд амалҳое мебошанд, ки дар ҳамин рӯзҳо анҷом дода мешаванд. Ҳар ибодат ва кори нек дар ин айём савоби чандин баробар мегирад. Аз Анас ибни Молик ривоят шудааст, Расули акрам (с) мефармоянд, ки "як рӯзи ин даҳа баробари ҳазор рӯзи дигар рӯзҳо аст. Ва рӯзи арафа бошад, даҳ ҳазор рӯзи дигар вақтҳост". Яъне, ҳар як ибодат ва ҳар як кори хайр дар ин даҳа аҷру подоши ниҳоят зиёд дорад.

Аслан, асолату рисолати инсон дар некиву накӯкорӣ, меҳрубон будан ба ҳамдигар ва нигоҳ доштани силаи раҳм таҷассум меёбад. Дар адабиёти безаволи мо дар васфи некӣ садҳо ривоят, қасида ва ғазал эҷод шудаанд. Мардуми тоҷик аз қадим "пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек"-ро сармашқи кор худ дониста, накӯкорӣ ва некӣ кардан ба ҳамдигарро ташвиқ мекунанд.

Таҳияи Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД