Alif Intiqol
Фазилатҳои дуо кардан дар бегоҳи ҷумъа
1235

Мардуми мусалмон рӯзи ҷумъаро рӯзи муборак меҳисобанд. Мегӯянд, ки дар ин рӯз чи дуое, ки накунӣ, мусаҷоб мегардад.
Мегуфтед, ки бегоҳи ҷумъа дар ҳаққи майит чӣ гуна дуо хондан лозим аст, ки худванд гуноҳҳояшро бимурзад?
Дилшод, муштарии Оила

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Аз нигоҳи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат дуои зиндагон дар ҳаққи мурдагон нафъ дорад ва он вақти муайян надорад. Албатта бегоҳи ҷумъа дуо кардан дар ҳаққи гузаштагон фазилати дигаре дорад ва дар ин вақт кадом сура ё ояте, ки хонда шавад, савоб аз он ҳосил мешавад, пас онро ба арвоҳи гузаштагон мебахшед. Равиши дуои мазкур чунин аст:
Бор Худоё! Савобу самараи ин оёту сураҳои мубораки тиловатшударо ҳамчун ҳадия ба арвоҳи ҷумла пайғамбарон, хусусан ба рўҳи пурфутуҳи Расули акрам (с) бирасон, баъд аз он ба арвоҳи тамоми хонадону ёрони он Ҳазрат (с) ва ба арвоҳи тобеъину табаъи тобеъин, ҳамаи мардону занони муъмину мусалмон ва ба арвоҳи падарону модарон ва тамоми касоне, ки аз мо дуои хайр талаб намудаанд, бирасон, хусусан ба арвоҳи гузаштагони ин макону хонадон бирасон. Дар ҳақиқат Ту шунаванда ва иҷобаткунандаи дуоҳо ҳастӣ! Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки бар мо дар имон овардан сабқат карданд, биёмурз ва дар дилҳои мо барои аҳли имон ҳеҷ кинае қарор мадеҳ; Парвардигоро! Ба ростӣ ки Ту Меҳрубону Раҳим ҳастӣ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД