Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев, муовини ҶСК "Ориёнбонк" 2 рӯз қабл аз дарёи Зарафшон ёфт шуд.
Дар ин бора Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза иттилоъ дод. Номбурда гуфт ташхиси дандон нишон дод, ки ҷасад ба Шӯҳрат Исматуллоев марбут аст.
Гуфта шуд, ки дар робита бо ин қазия 13 нафар боздошт шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев соати 20-и 23- июни соли ҷорӣ дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз ҷониби шахсони номаълум рабуда шуд.