Фатири шоҳона ва асрори ҳунари Сабоҳат
Дар Тоҷикистон кам бонуе ёфт мешавад, ки аз нозукиҳои ҳунари нонпазӣ воқиф набошад. Аз ӯҳдаи пухтани нон ҳам мардон ва ҳам занон ба хубӣ мебароянд, вале нони як минтақа аз минтақаи дигар ба куллӣ фарқ мекунад. Дар Истаравшан занҳо бештар нонҳои "рӯзғорбоб" аз ҷумла чапотӣ, гирдача, нони хонагӣ ва кулча мепазанд, вале на ҳар кадбону аз ӯҳдаи пухтани фатирҳои равғанин ва калонҳаҷми тӯёна баромада метавонад. Қаҳрамони мо Сабоҳат Шодиева аз зумраи занҳои ҳунармандест, ки ҳамчун кадбонуи моҳир ном баровардааств а чунон фатиру кулчаҳои бомазза мепазад, ки чашми кас аз тамошо ва шикамаш аз хӯрданашон сер намешавад.
Холаи Сабоҳат ба мо дар бораи нозукиҳои ҳунари нонпазӣ ва намудҳои он чунин қисса кард:
- Зиёда аз чил сол мешавад, ки ман бо касби нонпазӣ машғул ҳастам. Аввал мисли тамми духтарон тарзи пухтани нони хонагиро аз модарам омӯхтам, баъд бо гузашти айём пухтани намудҳои дигари нонро мустақилона ёд гирифтам ва ҳамчун кадбонуи мҳир дар байни мардум ном баровардам...
Сабоҳатхола 66-сол дошта, соҳиби 10 фарзанд аст. Одатан дар ин синну сол занҳо “акнун ман пир шудам” гӯён, гӯшанишин мешаванд, вале ин зани чаққон ба пирӣ тан надода, то ба ҳол дар талоши гирумони зиндагист ва нозукиҳои ҳунарашро ба додарону хоҳарон, фарзандону наберагон ва келинҳояш ёд медиҳад, то ки туфайли ҳамин касби бисёр зарурӣ зиндагии худро пеш баранд. Сабоҳатхола қаноатмандона мегӯяд:
-Пайвандону шогирдонам, ки аз касби ман баҳравар гаштаанд, имрӯзҳо ҳунари маро давом дода истодаанд ва миннатдоранд, ки ин ҳунарро ба онҳо ёд додаму туфайли нонпазӣ зиндагии худро пеш бурда истодаанд. Касе, ки ягон касб ё ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зр ва ба дигарон мӯҳтоҷ намешавад.
Пухтани фатирҳои калони равғанин кори саҳл нест ва аз инсон пеш аз ҳама иродаи устувру меҳнатдӯстиро талаб мекунад. Яке аз мушкилиҳои касби нонпазӣ ин шабҳои бедорхобӣ, тоб овардан ба даровубарои зиёд ба танӯри сӯзон ва меҳнати сахту сангин аст.
“Албатта шаб то саҳар ва рӯз то бегоҳ дар қурраи оташ кр кардан саҳну осон нест, вале вақте ки муштариён дастранҷи ту, яъне нонҳои пухтааро таърифу тавсиф карда, бо хушнудиву хурсандӣ мебаранд, тамоми машаққатҳое, ки кас то саҳар ба хотири пухтани нон кашида буд, фаромӯш мешаванд”-мегӯяд холаи Сабоҳат.
Фатирҳои пухтаи Сабоҳатхола зиннатбахши хони мардум аст. Ин зани панҷ панҷааш ҳунар зиёда аз даҳ намуд фатирҳои гуногун мепазад, ки дар таъму зебоӣ яке аз дигаре беҳтаранд. Бархе аз сокинони шаҳри Истаравшан маззаи фатирҳои холаи Сабоҳатро ба нону фатирҳои номдори Самарқанд баробар мекунанд.
Мо кормондони сомонаи "Оила.тҷ" ба корҳои минбаъдаи ин модари мушфиқу меҳрубон, меҳнатдӯсту меҳнатқарин ва дасткушоду саховатманд барор мехоҳам.
Абдуғаффор Шодиев