Рӯзе зане назди ҳазрати ИмомАбӯҳанифа (р.а) омада гуфт:
-Мехоҳам маро аз шавҳарам ҷудо кунед.
- Бароичӣ? – пурсиданд ҳазрат.
Ӯ гуфт:
- Барвақт ба кор рафта дер аз кор меояд, лекин маблағи овардагияш дигар намешавад.
- Фақат барои ҳамин?
- Бале фақат барои ҳамин – гуфт зан.
Абуҳанифа (р.а) гуфт:
- Шарте дорам, агар онро иҷро кардӣ,хоҳишатро иҷро мекунам.
-Гуфт:
- Чӣ шарт аст?
- Барои манн фатире пухта ор, лекин маҳсулотҳояшро аз ҳамсоягонат бигир.
Зан хуб гуфта рафт. Дари ҳамсояи якумашро тақ- тақ кард. Ҳамсоязан берун шуд.
- Ҳамсоя, -гуфт ӯ- илтимос ба манн каме орд диҳед.
- Ҳа,чӣ гапҳамсоя?
- Ҳеҷ гап не, - гуфт зан ва воқеаи шудагиро гуфта дод.
Ҳамсоязан суханҳои ӯро шунидагуфт:
- Ҳамсоя ордро гиред, ош шавад, лекин маслиҳатам ин ки аз шавҳаратон ҷудо нашавед. Бинед, шавҳари ман 6 моҳ боз дар хона нест, лекин ман сабр карда нишастаам.
Зан ордро гирифт ва назди ҳамсояи дуюм рафта,равған пурсид. Вақте вай ҳа чӣ гап гуфта пурсид, воқеаро бо ӯ низ гуфта дод. Ҳамсояи дуюм равғанро бароварда гуфт:
- Ҳамсоя аз шавҳаратон ҷудо нашавед. Бинед, шавҳари манн ҳар рӯз маст шуда омада,маро мезанад, лекин ман сабр карда нишастаам.
Зан ҳамин тавр аз ҳафт ҳамсоя маҳсулотҳои фатирро ҷамъ карда фаҳмид, ки шавҳари яке ногирон, дигаре бекора, боз яктои дигар дар ғарибиҳо гашта солҳост, ки ба дидори зану фарзандҳояш наомадааст. Хуллас, ҳамаашон ягон кабудӣ доштаанд.
Зан фатирро пухт ва назди Абӯҳанифа (р.а) бурда гуфт:
- Ҳазрат фатирро хӯред,ош шавад, лекин фикри ҷудоии маро аз шавҳарам аз саратон бароред. Шавҳари ман беҳтарин мард будааст, ман инро акнун фаҳмидам...