Arzon march 2024
Фата пӯшида ба сарам бало харидам
5333

Маро ба Идрис ном ҷавони шаҳрӣ фотиҳа карданд. Домодро пеш аз тӯй надида будам, намедонистам, ки чӣ касе асту чӣ хислат дорад, вале мақоли «падар розӣ, худо розӣ»-ро шиор намуда, барои издивоҷ розигӣ додам. Рӯзи тӯйи мо маълум шуд.

Домод як рӯз пеш барои никоҳ ба хонаи мо омад ва ман ӯро бори аввал дар зери чодар дидам. Ба назарам бачаи безеб нанамуд. Орзу доштам, ки мисли дигар духтарон фата пӯшида дар рӯзи тӯям мисли фаришта зебо шавам, аз ҳамин хотир субҳи дигар ҳамроҳи дугонаам ба кошонаи ҳусн рафтам. Домод аз вақти таъйиншуда пештар омадааст, падарам дам ба дам занг зада, тезтар омаданамонро талаб мекарданд, вале ороиши рӯю мӯйи ман ҳанӯз нотамом буд. “Бигзор интизор шавад” гуфта, телефонамро хомӯш мекардам. Ниҳоят машшотаҳо корашонро ба анҷом расониданд ва ман бо либоси сап-сафеди арӯсӣ амсоли ҳур зебо шуда ба хона омадам. Гумон доштам, ки бо дидани чунин ҳусну ҷамол шаҳбача ба ваҷд меояд, вале хаёлам хом баромад. Домод маро дидан замон қошу қавоқ гиронд ва ноаён бо оринҷаш ба китфам зада гуфт: “Қанчиқ, барои нописандиат рӯзатро сиёҳ накунам, Идрис нестам!” Ҳуш аз сарам парид, ки наход дар рӯзи мурод шаҳ ба арӯсаш чунин суханҳоро гӯяд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ин дам апааш ба наздам омада, гапи бародарашро такрор намуд ва маро маломат кард, ки чаро фата пӯшидам. Косаи сабрам лабрез гашту гиряолуд гуфтам: “Ҳар духтар орзую ҳавас дорад, апаҷон.

 
Маъқул набошад, ихтиёратон!” Авзои апаи домод якбора беҷо шуда бо ситеза аз наздамон дур шуд. Гардани падарамро гирифта, бо алам зор-зор гиря кардам.

Хулоса, бо дили пурғам ба хонаи домод омадем. Хонаи шаҳ ба тӯйхона ҳеҷ монандӣ надошт, на садои мусиқӣ буд ва на карнаю сурнай. Бо як дег ош тамоми меҳмононро ба хонаҳояшон гусел намуданд. Идрисро шаби дигар модараш аз кӯча дашномкунон ба ҳавлӣ овард. Домод назди ман даромадан намехост. Ба сари модараш дод зада мегуфт: “Келини қанчиқат бо кафани пӯшидааш маро дар назди ҷӯраҳоям шарманда кард. Бачаҳо “арӯсат девонача будаст-ку” гуфта маро масхара карданд.” Аз алам боз инони гиряро сар додам.

Зиндагиямро се моҳ шудааст, вале то ҳол шавҳарам фата пӯшиданамро намебахшад. Шабе нест, ки диламро сиёҳ насозад. Барои он сарнавиштамро нақл кардам, ки дигар духтарон иҷозати домодро гирифта, либоси мехостаашро бипӯшанд, то мисли ман барои як рӯз фата пӯшидан ба доми бало гирифтор нашаванд.

Наргис, аз н. Ёвон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД